Август 04, 2023 17:46 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон : Омилони Қуръонсӯзӣ дар ҳақиқат худсӯзӣ мекунанд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни инки Қуръонсӯзон дар ҳақиқат худсӯзӣ мекунанд, гуфт : Расидан ба ҳақиқати Қуръон, ки рӯҳу раҳмати Ҳақ аст дар дастраси ҳар фарде қарор намегирад ва инод бо Каломи Аллоҳ нишонаи рӯҳи шайтонӣ аст.

Силвино Момико, шаҳрванди ироқӣ ба ҳамроҳи як шахси дигар муҷаддадан дар иқдоми ҳаттокона як нусха аз Қуръони каримро ин бор дар муқобили порлумони Шветсия ба оташ кашид.
Пештар низ ( панҷшанбеи 20 июл ) барои дуюмин бор зарфи чанд ҳафта Силвино Момико, шаҳрванди ироқӣветсияӣ бо ҳимояти полиси Шветсия иқдом ба иҳонат ба Қуръони карим кард ; Иқдоми ҳаттокона, ки вокуниши кишварҳои мусулмонро ба ҳамроҳ дошт.
Пас аз он низ аъзои як гуруҳи миллигарои исломҳарос ва рости ифротии Дания ба номи " Меҳанпарастони Дания " дар иқдоми нангин як нусха аз Қуръони каримро дар муқобили сафорати Ироқ ва бори дигар дар муқобили сафорати Мисру Туркия дар Копенгаген сӯзонданд .
Ин аъмоли вақеҳона бо вокуниши Антонио Гутерриш-дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид низ мувоҷеҳ шуд ва ӯ зимни ибрози ҳамбастагӣ бо ҷомеъаи исломӣ ҳар гуна иқдом дар ростои исломҳаросӣ. ки мунҷар ба афзоиши танишҳо мешавадро маҳкум кард.
Ҳуҷҷатилислом Козими Сиддиқӣ-хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба афроде. ки дар бархе кишварҳои аврупоӣ иқдом ба оташ задани Қуръон мекунанд, гуфт : Ин вуҷӯдҳои зулмонӣ, ки Қуръонсӯзӣ мекунанд ба Қуръон роҳе надоранд ва дар ҳақиқат худсӯзӣ мекунанд.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо баёни инки сӯзондани зареҳи Имом Ҳусайн ( а ) нишонаи пастӣ ва иноди ин афрод бо Қуръону аҳли байти Паёмбар ( с ) аст, таъкид кард : Расидан ба ҳақиқати Қуръон, ки рӯҳу раҳмати восеъаи Ҳақ аст ва сабаби ҳамаи асмои Илоҳӣ аст, дар дастраси ҳар фарде қарор намегирад.

 

Барчасп