Август 08, 2023 14:04 Asia/Dushanbe
  • Оғози конфаронси Эрону БРИКС дар Теҳрон

Конфаронси “Эрону БРИКС ; чашмандозҳое барои шарокату ҳамкорӣ” дар Маркази мутолиъоти сиёсиву байналмилалии Вазорати хориҷаи Эрон оғоз ба кор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ин конфаронс субҳи имрӯз ( сешанбе ) бо ҳузури Маҳдии Сафарӣ-муовини дипломосии иқтисодии Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар маркази мутолиъоти сиёсӣ ва байналмиллалии вазорати хориҷа оғоз ба кор кард .
БРИКС ( BRICS )-номи гуруҳе ба раҳбарии қудратҳои навзуҳӯри иқтисодӣ аст, ки аз ба ҳам пайвастани ҳурӯфи аввали номи англисии кишварҳои Бразилия, Русияинд, Чин ва Африқои ҷанубӣ ташкил шудааст.
Ҷумҳурии исломии Эрон, Арабистон, Аргентинамороти муттаҳидаи арабӣ, Алҷазоир, Миср, Баҳрайн ва Индонезия тамоюли худро барои пайвастан ба БРИКС иброз кардаанд.








 

 

Барчасп