Август 09, 2023 09:33 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Рӯҳияи истиқлолталабӣ ваҷҳаи муштараки миллатҳои Эрон ва Ветнам аст

Раисҷумҳури Эрон дар дидори Вионг Дин Хюэ, раиси Маҷлиси миллии Ветнаму ҳайати ҳамроҳ, рӯҳияи истиқлолталабӣ ва ҳақхоҳиро ваҷҳаи муштараки миллатҳои ду кишвар унвон кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Эрон, Саидиброҳими Раисӣ дар ин дидор бо ишора ба пешрафтҳои бузурги Эрон дар бахшҳои мухталифи илмӣ, фанноварӣ, тавлиду санъат ба рағми таҳдидҳо ва фишорҳо, ба гомҳои баланди миллати Эрон барои хунсосозии ин таҳримҳо бо тамаркуз бар рушди тавлиду тиҷорат ишора кард ва гуфт: Сафари раиси Маҷлиси Ветнам ба Эрон метавонад илова бар тавсеаи равобити порлумонӣ, нуқтаи атфе дар тавсеаи равобити иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар бошад.

Вай дар идома афзуд, равобити тиҷорӣ ва иқтисодии Эрон ва Ветнам ба мизони густардагии равобити фимобайн дар ҳавзаи дипломасӣ тавсеа пайдо накардааст ва ин сафар метавонад илова бар тавсеаи равобити порлумонӣ, нуқтаи атфе дар тавсеаи равобити иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар бошад.

Раисӣ тавсеаи равобити ду кишвар дар арсаи ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалиро ҳоизи аҳаммият донист ва тасреҳ кард, мумкин аст тавсеаи равобити ду кишвар барои бархе давлатҳо хушоянд набошад, аммо ончӣ аҳамият дорад иқдомоти муассир дар ҷиҳати таъмини манофеи ду кишвар ва ду миллат аст.

 

Барчасп