Сардор Шикорчӣ : Сатҳи иқтидори дифоии Ҷумҳурии исломӣ дар сатҳи байналмиллалӣ аст
Муовини фарҳангӣ ва таблиғоти дифоии Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт : Қудрати дифоии Эрон ба халиҷи Форсу баҳри Уммон маҳдуд намешавад,балки сатҳи иқтидори дифоии Ҷумҳурии исломӣ дар сатҳи байналмиллалӣ аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор Абулфазли Шикорчӣ рӯзи панҷшанбе дар оӣни таҷлил аз хабарнигорон афзуд : Амрикоиҳо Эронро ба эҷоди ноамнӣ дар халиҷи Форс муттаҳам мекунанд, дар ҳоле ки халиҷи Форс хонаи кишварҳои минтақа аст ва бояд ба амрикоиҳо гуфт, ки Шумо дар инҷо чӣ кор доред ?
Муовини фарҳангӣ ва таблиғоти дифоии Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон тасреҳ кард : Амрикову муттаҳидонаш Ҷумҳурии исломиро ба эҷоди ноамнӣ муттаҳам мекунанд; дар сурате ки Эрон тамомии талоши худро бо ҳамкории соири кишварҳои минтақа анҷом медиҳад то ба амнияти минтақа хадшае ворид нашавад ; онҳо барои ғорати манобеи кишварҳои минтақа меоянд, аммо кишварҳои минтақаро ба эҷоди ноамнӣ дар обҳои байналмиллалӣ муттаҳам мекунанд!
Сардор Шикорчӣ афзуд : Аз илзомоти минтақаи халиҷи Форсу ғарби Осиё эҷоди амният аст, ки Ҷумҳурии исломии Эрон дар хати муқаддами амнсозии минтақа қарор дорад ва барои он ҳазина ҳам мекунад.