Раисӣ : Собиқаи тамаддунии Эрону Ҳинд заминаи бисёр хубе барои тавсеаи ҳамкории ду кишвар аст
(last modified 2023-08-19T06:47:11+00:00 )
Август 19, 2023 11:47 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Собиқаи тамаддунии Эрону Ҳинд заминаи бисёр хубе барои тавсеаи ҳамкории ду кишвар аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон собиқаи тамаддунӣ ва торихии Эрону Ҳиндро заминаи бисёр хубе барои тавсеаи ҳамкориҳои Теҳрон - Деҳлии нав дар сатҳҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмиллалӣ донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар тамоси телефонӣ бо Норандро Моди-нахуствазири Ҳинд гуфт : Ҷумҳурии исломии Эрон хоҳони тақвияти ҳамгаройии минтақаӣ ва тавсеаи иртибототи иқтисодӣ буда ва дар ин росто ба дунболи таъомул бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон хусусан кишварҳои Осиё аст.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон тавсеаи таъомулот бо Ҳинд ба вижа дар заминаҳои транзит, амнияти энержӣ ва минтақаиро ҳоизи аҳамият донист ва густариши ҳамкориҳои мувосилотй аз ҷумла дар коридори шимоли ҷануб ва тасреъ дар амалиётӣ шудани таъсисоти бандарии Чобаҳорро хостор шуд.
Раисӣ ҳамчунин собиқаи тамаддунӣ ва торихии ду кишварро заминаи бисёр хубе барои тавсеаи ҳамкориҳои Теҳрон - Деҳлии нав дар сутӯҳи дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ донист.
Нахуствазири Ҳинд низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ зимни ибрози хурсандӣ аз раванди ҳамкориҳои дуҷониба ва дарозмуддати миёни Ҷумҳурии исломии Эрону Ҳинд, пружаи муштараки бандари Чобаҳор ва тавсеаву табдили он ба маркази мувосилотии минтақаиро фурсате барои шукӯфоии минтақа донист ва бар омодагӣ барои ниҳоӣ кардани санади ҳамкории ду кишвар дар ростои такмили ин пружа таъкид кард.

 

Барчасп