Раиси комисиюни тиҷорати утоқи бозаргонӣ, Хуросони Разавӣ аз баргузории ҳафтумин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳӯри Исломии Эрон дар Тоҷикистон хабар дод
(last modified 2023-08-21T09:40:20+00:00 )
Август 21, 2023 14:40 Asia/Dushanbe
  • Раиси комисиюни тиҷорати утоқи бозаргонӣ, Хуросони Разавӣ аз баргузории ҳафтумин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳӯри Исломии Эрон дар Тоҷикистон хабар дод
    Раиси комисиюни тиҷорати утоқи бозаргонӣ, Хуросони Разавӣ аз баргузории ҳафтумин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳӯри Исломии Эрон дар Тоҷикистон хабар дод

Раиси комисиюни тиҷорати утоқи бозаргонӣ, саноеъ,маъдан ва кишоварзии Хуросони Разавӣ гуфт: Ҳафтумин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Тоҷикистон гушоиш меёбад.

Ба гузориши Садои Хуросон, Муҳамадҳусен Рушанак гуфт: Бозаргони хориҷӣ ва тиҷорати байналмиллал бо баргузори намоишгоҳҳо ва ҳайатҳои тиҷорӣ шакл мегирад лизо агар мо намоишоҳҳои қавиро дар бозорҳо  мавриди ҳадаф баргузор кунем, бастаре барои ҳайатҳои тиҷории музокира кунанда ба вуҷӯд меояд то онҳо битавонанд аз тариқи иртиботи ҳузӯри, бозорёбии чеҳар ба чеҳра анҷом диҳанд, ки бо ин шева содирот ва воридоти мо қатъан рушди чашмгире хоҳад кард. Кишваре,ки содирот ва воридоти хуб дошта бошад иқтисоди муваффақе ҳам хоҳад дошт.

Вай дар хусуси чашмандозҳои иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон гуфт: Намоишгоҳи Тоҷикистон дар кишварҳои ҳамзабон  ва ҳамфарҳанге бо мо баргузор хоҳад шуд, ин кишвари мусалмон кишваре аст, ки Эронро бахше аз кишвари худаш медонад ва эрониён низ Тоҷикистонро бахше аз сарзаминӣ худ мепиндорад.

Рушанак идома дод: Колоҳҳои назири масолеҳи сохтумонӣ аз сим ва кобл, призи барқ ва хишт то тамоми масолеҳи сохтумонӣ бозори хубе дар Тоҷикистон доранд, ҳамин тавр маводи ғизоӣ, фарш, бархе васоили кишоварзӣ, маъданӣ. Ин намоишгоҳ фурсати бисёр хубе барои касоне аст, ки ба дунболи тавсиъаи иқтисоди касбу корашон ҳастанд.

Ҳафтумин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон 13 то 16-уми меҳри соли ҷорӣ дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон барпо хоҳад шуд.