Паёми табрикии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани солрӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ирсоли паёме фаро расидани сивудувумин солрӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлат ва миллати ин кишвар табрик гуфт.
Матни паёми эшон ба шарҳи зер аст:
Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, раиси муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Салом алайкум.
Фаро расидани солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаноби олӣ ва мардуми кишвари дӯсту бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Иштирокоти фарҳангӣ, таърихиву забонӣ, алоиқи муштараку табодули ҳайатҳои олирутба нақши қобили таваҷҷуҳе дар густаришу идомаи таомулоти фимобайн доштааст. Умедворам дар партави талоши муштарак беш аз пеш шоҳиди густариши рӯзафзуни равобит миёни ду кишвар, дар ростои манофеи мутақобил ва тавсеаву амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ бошем. Аз Худованди мутаол саломативу муваффақияти он ҷаноб ва беҳрӯзиву саодати миллати шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро масъалат менамоям.
Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон.