Сентябр 18, 2023 12:15 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи шеъру адаби форсӣ, ҷойгоҳи волои Шаҳиёрӣ дар адабиёти ҷаҳон
    Рӯзи шеъру адаби форсӣ, ҷойгоҳи волои Шаҳиёрӣ дар адабиёти ҷаҳон

Имрӯз ҳаждаҳуми сентябр ( бисту ҳафтуми шаҳривар) солрӯзи даргузашти устод Шарҳиёрӣ, шоири муъосири эронӣ, рӯзи миллии шеъру адаби форсӣ дар тақивими Эрон номгузори шудааст.

Ба гузориши Садои Хуросон,« Сайид Муҳаммадҳасани Беҳҷати Табрезӣ» бо тахалуси Шаҳриёрӣ дар соли 1285 дар Табрез, маркази устони Озарбойҷони Шарқӣ, шимолу ғарби Эрон, ба дунё омад ва 27 шаҳривари 1367 ҳиҷри шамсӣ даргузашт. Шаҳриёрӣ шеърҳоеро ба забонҳои форсӣ ва туркии озарбойҷонӣ дорад, ки дар қолабҳои ғазал, қасида, қитъа ва рубоӣ суруда аст. Ин шоири эронӣ шоҳкорҳое аз худ ба ҷо гузоштааст ва метавон ба шеъри " Алӣ эй ҳумои раҳмат" "Омади ҷонам ба қурбонат" "Ба форсӣ" ва " Ҳайдар бобои салом" ба туркии озарбоиҷонӣ ишора кард. Маҷмуъаи "Ҳайдар бобои салом" аз шоҳкорҳои адабиёти Озарбойҷон низ ба ҳисоб меояд. Мақбараи устод Шаҳриёрӣ ҳам дар канори 400 шоири номии дигар дар Мақбара-ал Шуъарои Табрез қарор гирифтааст, ки яке аз муҳимтарин амокини диданӣ ва гардишгарии шаҳри Табрез маҳсуб мешавад.