Дидору гуфтугуи вазирони хориҷаи Эрону Арабистон дар Ню-Йорк
Вазири умури хориҷаи Эрон дар шашумин рӯз аз сафар ба Ню-Йорк бо вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ дидору гуфтугу кард.
Ба гузориши ИРНА, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар идомаи ройзаниҳои дипломатии фишурда дар ҳошияи ҳафтоду ҳаштумин Маҷмаи умумии Созмони милал бо Файсал бин Фарҳон, вазири умӯри хориҷаи Арабистон дар Ню-Йорк дидор ва дар бораи густариши равобити дуҷониба табодули назар кард.
Ин чаҳорумин дидори вазирони умури хориҷаи Эрону Арабистон аз замон азсаргирии равобити Теҳрон – Риёз аст.
Эрону Арабистон пас аз ду соли музокира ва гуфтугу бо мизбонии Ироқу Уммон, даҳуми марти 2023 ва пас аз мулоқот ва гуфтугуи чандрӯзаи масъулони ниҳодҳои амнияти миллии ду кишвар дар Пекин бо интишори баёнияе аз тавофуқи Теҳрону Риёз барои одисозии равобити худ хабар доданд.
Ду кишвар аз соли 2016 равобити дипломатиро қатъ карда буданд.