Таъкиди Амирабдуллоҳиён бар зарурати вокуниши давлати Шветсия ба беҳурматии Қуръони Карим
(last modified Sun, 24 Sep 2023 15:58:42 GMT )
Сентябр 24, 2023 20:58 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Амирабдуллоҳиён бар зарурати вокуниши давлати Шветсия ба беҳурматии Қуръони Карим

Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо вазири умӯри хориҷаи Шветсия бар зарурати вокуниши давлати ин кишвар дар хусӯси беҳурматии Қуръони Карим таъкид кард.

Ба гузориши ИСНА, Амирабдуллоҳиён дар дидори вазири умӯри хориҷаи Шветсия бо ишора ба чандбор гуфтугуи телефонии муштарак бо вай тайи моҳҳои гузашта гуфт, мавзуоти муҳимме барои гуфтугу табодули назар дар ҳавзаҳои мухталиф дорем, аммо муҳимтарин мавзӯ, тадовуми иҳонат ба Қуръони Карим дар Шветсия аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба ҷариҳадор шудани эҳсосоти ду миллиард мусулмони ҷаҳон аз иҳонатҳои мукаррар ба Қуръони Карим дар кишвари Шветсия гуфт, дифо аз арзишҳои Шветсия ба қиммати нодида гирифтани арзишҳои ду миллиард мусулмони ҷаҳон қобили пазириш нест, лизо мехоҳем бар аҳамияту зарурати масъулиятпазирӣ ва посухгуии давлати Шветсия дар ин замина таъкид кунем.

Вазири умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард, дар мавриди табодули сафирон мунтазири як иқдоми хуб дар бораи Қуръони Карим дар кишвари Шветсия ҳастем.