Сентябр 26, 2023 13:23 Asia/Dushanbe
  • Давоздаҳумин иҷлоси давраи панҷуми Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ

Давоздаҳумин иҷлоси расмии давраи панҷуми Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ имрӯз ( сешанбе ) оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, давоздаҳумин иҷлосияи расмии давраи панҷуми Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ба раёсати оятуллоҳ Аҳмади Ҷаннатӣ ва бо ҳузури Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шуд.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Ҷаннатӣ-раиси Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дар ин иҷлоси дурӯза зимни гиромидошти ҳафтаи дифои муқаддас ва ёди Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ва шаҳидон гуфт : Бояд пуштибони роҳи шаҳидон буд.

Раиси Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ бо баёни инки дини Ислом ва ҷомеъаи исломӣ як ҷомеъаи амну саломат аст, тасреҳ кард: Обруву ахлоқ ва амволи мардум бояд дар ин ҷомеъа ҳифз шавад.
 

 

Барчасп