Дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон : Ҳар гуна тағйир дар жиополетики минтақаи муҷиби  бесуботӣ тасоъуди буҳрон аст
(last modified 2023-10-02T08:25:16+00:00 )
Октябр 02, 2023 13:25 Asia/Dushanbe
  • Дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон : Ҳар гуна тағйир дар жиополетики минтақаи муҷиби  бесуботӣ тасоъуди буҳрон аст
    Дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон : Ҳар гуна тағйир дар жиополетики минтақаи муҷиби бесуботӣ тасоъуди буҳрон аст

Дабири Шурои олии амнияти миллӣ Эрон гуфт : Ҳар гуна тағйир дар жиополетики минтақаи ноамнкунанда ва муҷиби бесуботӣ ва тасоъуди буҳрон аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, « Али Акбари Аҳмадён » Дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон дар дидор бо  Дабири Шурои амнияти миллии Арманистон бо ишора ба охирин таҳаввулоти минтақаии Қафқоз ва  зарурати талоши ҳамаи тарафҳо барои истиқрори оромишу амният дар минтақа ، афзуд : Ҳар гуна тағйир дар жиополетики минтақаи ноамнкунанда ва  муҷиби бе суботӣ тасоъуди буҳрон аст.

Намояндаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар Шурои олии амнияти миллии Эрон,  бо табъини сиёсати усули ва  тағйирнопазири Ҷумҳурии Исломӣ дар тавсеаи ҳамкори  ва таъомул бо ҳамсоягон ва  эҷоди минтақаи  ори аз ҳар гуна таниш ва даргирӣ гуфт : Гуфтугӯҳои сареҳу созандае миёни кишварҳои минтақа бастар созии амнияти пойдор, тавсеаи мутавозинва  рифоҳу осоиши мардуми минтақа аст.

Дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон, бо таъкид бар таъомулоту ҳамкориҳои иқтисодии миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва  Арманистон ва  зарурати афзоиши мубодилоти тиҷории муштарак , омодагии Теҳронро барои иртиқои сатҳи равобит дар ҳамаи ҳавзаҳо эълом кард.