Раҳбари инқилоб : Дар қазияи 15 меҳр режими саҳюнистӣ шикасти ғайриқобили тармим хурд ( иҷмолӣ )
(last modified 2023-10-10T09:03:38+00:00 )
Октябр 10, 2023 14:03 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб : Дар қазияи 15 меҳр режими саҳюнистӣ шикасти ғайриқобили тармим хурд ( иҷмолӣ )

Фармондеҳи кулли қувои ҶИЭ гуфтанд : Режими ғосиби саҳюнистӣ аз 15 меҳр ба ин тараф ҳам аз лиҳози низомӣ ва ҳам аз лиҳози иттилоотӣ як шикасти ғайриқобилии тармим хурдааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо,ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муаззами инқилоби исломӣ соъати пеш дар маросими муштараки донишомӯхтагии донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии неруҳои мусаллаҳи Эрон дар донишгоҳи афсарии Имом Алӣ алайҳис-салом ҳузур ёфтанд. ­
Ишон фармуданд : Дар ин қазияи 15 меҳр ба ин тараф режими ғосиби саҳюнистӣ ҳам аз лиҳози низомӣ ва ҳам аз лиҳози иттилоотӣ як шикасти ғайри қобили тармим хурда. Шикастро ҳама гуфтанд, ман таъкидам ба ғайриқобилии тармим будан аст. Ман мегӯям ин зилзилаи вайронгар тавонистааст баъзе аз созаҳои аслии ҳокимияти режими ғосибро вайрон кунад, ки таҷдиди бинои он созаҳо ба ин осонӣ имконпазир нест .Ишон афзуданд : Мо пешонӣ ва бозуи тарроҳони мудаббиру ҳӯшманд ва ҷавонони фаластиниро мебусем, аммо онҳо ки мегӯйянд ҳамосаи ахир кори ғайрифаластиниҳо аст, дучори муҳосибаи ғалат шудаанд . Ин балоро амалкарди худи саҳюнистҳо бар сарашон овард . Вақте зулму ҷиноят аз ҳад гузашт, вақте дарандахуӣ ба ниҳоят расид, бояд мунтазири тӯфон буд.
Раҳбари инқилоб дар идома гуфтанд : Иқдоми шуҷоъона ва дар айни ҳол фидокоронаи фаластиниҳо посух ба ҷинояти душмани ғосиб буд, ки солҳо идома дошт ва дар моҳҳои ахир шиддати он афзоиш пайдо карда буд. Муқассир ҳам давлати кунунии ҳоким бар режими ғосиби саҳюнистӣ аст.

Ахбори такмилӣ мутаъоқибан мунташир хоҳад шуд.
 

 

Барчасп