Октябр 13, 2023 19:24 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин
    Эъломи ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин

Ширкаткунандагон дар роҳпаймоии саросарии маҳкумияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар қатъномаи поёнии ҳимояти худро аз мардуми мазлуми Фаластин эълом карданд.

Ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА); дар ин қатънома эълом шуд, амалиёти «Тӯфони Алақсо» алайҳи мавозеъ ва истеҳкомоти режими то буни дандон мусаллаҳи саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ, бори дигар ҳайбати дуруғину қудрати пӯшолии ин режими ишғолгарро ба исбот расониду муҷиби бӯҳту ҳайрати ҷаҳониёну тарсу ваҳшати урдӯгоҳи истикбор шуд.

Дар идомаи ин қатънома омадааст: Дунё фаҳмид, ки миллати Фаластин, ки доғи солҳо зулму ситами ваҳшигариҳои режими саффоку кӯдаккушро дар сина дорад, имрӯз алами интиқом барафрошта ва бо иттико ба ҷавонони ғаюру баруманди фаластинӣ ва бо омӯхтаҳое, ки аз Ислому инқилоби исломӣ ва тавсияҳои Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ касб кардааст, табдил ба як неруи имонии тавонманд шудаву сахттарин шикасти таърихиро бар ӯ таҳмил мекунад.

 

Барчасп