Октябр 14, 2023 12:01 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии тими миллии футболи Эрон баробари Урдун

Тими миллии Эрон барои ширкат дар Ҷоми миллатҳои Осиё дар мусобиқоти 4 ҷонибаи Урдун дар аввалин гом дар стадиони байналмилалии Аммон баробари мизбони мусобиқот қарор гирифт, ки бозӣ бо бартарии сеголаи Эрон ба поён расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, голҳои ин бозиро Сардор Озмун ( 8 ), Маҳдии Торимӣ ( 28 ) ва Меҳрдоди Муҳаммадӣ ( 90 + 5 ) барои Эрон заданд ва так голи Урдунро низ Эзан Аннаъимот ( 74 ) ба самар расонд.
Ин натиҷа дар ҳоле рақам хурд, ки тими Урдун дар дақоиқи талафшудаи мусобиқа ба як зарбаи пеналтӣ расид . Зарбаи пеналтии ин тимро дар дақиқаи 90 +2-и  мусобиқа Эҳсон Ҳаддод ба самти дарвоза Байронванд зад, ки фазои болои дарвозаро шикофт ва ба берун рафт.
Пеш аз ин бозӣ тими миллии футболи Қатар бо бартарӣ баробари тими миллии Ироқ дар заработи пеналтӣ ба дидори ниҳоӣ расид.
Тими миллии Эрон барои қаҳрамонӣ дар ин мусобиқот бояд чаҳоршанбеи ҳафтаи оянда ба масофи тими миллии Қатар биравад.
Рақобатҳои 4 ҷонибаи футбол дар шаҳри Аммон, пойтахти Урдун бо ҳузури тимҳои миллии Эрон, Қатар, Ироқ ва Урдун баргузор мегардад.









 

 

Барчасп