Октябр 16, 2023 17:04 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон
    Сафари вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон

Вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон фардо (сешанбе) ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба гузориши ИСНА, Вазири дифои Эрон ба Тоҷикистон сафар мекунад

Генерал Оштиёнӣ, вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон фардо ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Генерал Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, фардо сешанбе дар садри як ҳайати баландпоя ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Дидор бо вазири дифо ва раисиҷумҳури Тоҷикистон, ройзанӣ перомуни масоили амниятӣ ва дифои ду кишвар ва пайгирии қарордодҳои дифоии ду кишвар аз аҳдофи сафари Амир Оштиёнӣ ба Тоҷикистон аст.

Гуфтанист, дар ростои ҳамкориҳои дифоии Эрону Тоҷикистон соли гузашта хати тавлиди паҳподи эронии “Абобил 2” бо ҳузури сарлашкар Боқирӣ, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

 

Барчасп