Ҳушдори хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар бораи идомаи ҷиноёти Оли Сауд ва Оли Халифа
(last modified 2016-12-30T11:38:57+00:00 )
Декабр 30, 2016 16:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар бораи идомаи ҷиноёти Оли Сауд ва Оли Халифа

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, идомаи куштор ва саркӯбгариҳои режимҳои Оли Сауд ва Оли Халифа зидди миллатҳои мусулмони минтақа, бидуни тардид онҳоро ба завол ва суқут мекашонад.

Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳиди Кирмонӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон, буҳрони инсонии кунунӣ дар кишварҳои Баҳрайн, Яман ва Сурия, бархоста аз ҳамалот ва хушунатҳои режимҳои Оли Сауд, Оли Халифа ва муздуронашонро нигаронкунанда хонд.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон таъкид кард, режимҳои саркӯбгар ва мутаҷовизи минтақа бидонанд, агар ҳамчунон ба ҷиноёт ва саркӯбгариҳои худ зидди миллатҳои мусулмон, аз ҷумла дар Сурия, Ироқ, Баҳрайн ва Яман идома дода ва мавозеи худро тағйир надиҳанд, бидуни тардид ба вартаи завол ва дар ниҳояти нобудӣ кашонида хоҳанд шуд.

 Оятуллоҳ Муваҳҳиди Кирмонӣ ҳамчунин бо табрики пирӯзиҳои ахири артиши Сурия ва ҷабҳаи муқовимат дар Ҳалаб таъкид кард, поксозии Ҳалаб аз вуҷуди террористҳо пирӯзии низомӣ нест, балки пирӯзии ҳақ бар ботил ва расвоии бузург барои ҳомиёни арабӣ ва ғарбии террористҳо аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба ҳамосаи рӯзи 9-уми дай дар Эрон гуфт, ин рӯзи таҷдиди байъати миллат бо мақоми муаззами раҳбарӣ, рӯзи эъломи бедорӣ ва ваҳдати миллии эрониён ва нокомии тавтеаҳои кишварҳои истикборӣ зидди низоми ҷумҳурии исломӣ аст.

 Оятуллоҳ Муваҳҳиди Кирмонӣ бо ишора ба нақзи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) аз сӯйи Амрико таъкид кард, имрӯз бар ҳамагон ошкор шуд, ки Амрико душмани миллати Эрон аст ва набояд ба ваъдаҳои дурӯғини ин кишвар эътимод кард.

 

Барчасп