Эҳзори сафири Австрия дар Теҳрон ба вазорати хориҷаи Эрон; Ҳизбуллоҳи Лубнон як ҷунбиши зиддиишғолгарӣ аст
(last modified 2024-08-29T07:34:55+00:00 )
Август 29, 2024 12:34 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори сафири Австрия дар Теҳрон ба вазорати хориҷаи Эрон; Ҳизбуллоҳи Лубнон як ҷунбиши зиддиишғолгарӣ аст

Порс тудей- дар пайи иқдоми вазорати хориҷаи Австрия дар эҳзори сафири Эрон дар Вена, сафири Австрия дар Теҳрон низ ба вазорати хориҷаи Эрон эҳзор шуд.

Мудири кулли ғарби Аврупои вазорати хориҷаи Эрон, бо эҳзори Вольф Дитрих Хайм, сафири Австрия дар Теҳрон тасреҳ кард: Ҳизбуллоҳи Лубнон як ҷунбиши озодибахш ва муқовимати зиддиишғолгарӣ ва кунишгари фаъол ва муассир дар сохтори сиёсии Лубнон аст, ки дар давлат ва парлумони ин кишвар низ ҳузури расмӣ дорад.

Ба гузориши Порс тудей, мудири кулли ғарби Аврупои вазорати хориҷаи Эрон дар идома, зимни эътирози шадид нисбат ба иқдоми вазорати хориҷаи Австрия, хотирнишон сохт: Ин иқдоми саволбарангез муғойр бо воқеиёти минтақа ва низ равобити ду кишвар аст.

Вазорати хориҷаи Австрия, Аббоси Боқирпур, сафири Эрон дар Венаро ба баҳонаи истифода аз парчами Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҳисоб худ дар барномаи “Х” эҳзор кардааст.

Дар баёнияи баҳонаҷуёнаи вазорати хориҷаи Австрия омада, ки истифода аз намодҳои Ҳизбуллоҳ дар ин кишвар мамнуъ аст.

 

Барчасп