Октябр 25, 2023 20:17 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи нахусти илмии Эрон дар минтақаи Ғарби Осиё
    Рутбаи нахусти илмии Эрон дар минтақаи Ғарби Осиё

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо ишора ба рутбаи нахусти илмии Эрон дар минтақаи Ғарби Осиё, бар лузуми ҳамтопарварӣ ва наслсозӣ дар донишгоҳҳову омӯзиши кори тимӣ дар насли ҷавон таъкид кард.

Баҳроми Айнуллоҳӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар нишасти нухбагони таҳқиқоти илмӣ бо мавзӯи нақши ахлоқ дар саломату марҷаияти илмӣ афзуд, марҷаияти илмӣ ҳадафе роҳбурдӣ ва аз ормонҳои инқилоби исломӣ аст ва баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ гомҳои муҳиме ба пеш бардошта шуд.

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин бо маҳкум кардани ҷиноёти режими ғосиби саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза афзуд, ҷиноёти саҳюнистҳо алайҳи мардуми бедифои Фаластин ва куштану маҷруҳ кардани мардуми бегуноҳ ҷиноят зидди башарият асту ҷомеаи пизишкӣ дар тамоми дунё ин ҷиноётро маҳкум мекунад.

Айнуллоҳӣ гуфт, муттаассифона, созмонҳои байналмилалӣ бо сукуташон дар қиболи фаҷоеи Ғазза нишон доданд, ки фақат зоҳире фиребанда доранду холӣ аз муҳтаво ҳастанд.

 

Барчасп