Тафсир/ Дидгоҳи раҳбарӣ; Амрико шарики қатъии ҷиноят ва нигарони муталошӣ шудани режими саҳюнистӣ аст
(last modified 2023-10-26T12:50:20+00:00 )
Октябр 26, 2023 17:50 Asia/Dushanbe
  • Тафсир/ Дидгоҳи раҳбарӣ; Амрико шарики қатъии ҷиноят ва нигарони муталошӣ шудани режими саҳюнистӣ аст

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба мазлӯмияти тавъам бо сабурӣ ва иқтидори мардуми Ғазза дар муқобили ҷиноёти мудовими режими саҳюнистӣ, гуфтанд, азимати пай дар пайи руасои Амрико ва дигар кишварҳои шарӯр ва золим монанди Англия, Фаронса ва Олмон ба Фаластини ишғолӣ, талош барои ҷилавгирӣ аз нобудии режими ғосиб аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар дидори дастандаркорони Конгресси бузургдошти 6555 шаҳиди устони Луристон, Амрикоро шарики ҷурми қатъии ҷинояткорони саҳюнист хонданд ва гуфтанд: "Дасти амрикоиҳо то мирфақ ба хуни кӯдакон, занону дигар шаҳидони Ғазза олӯдааст ва дар воқеъ амрикоиҳо дар ҳоли мудирияти ин ҷиноёт ҳастанд."

Баёноти раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ гуёи воқеиятҳое аз таҳаввулоти кунӯнӣ дар Фаластин аст, ки бори дигар нақши кишварҳои ғарбӣ ба саркардагии Амрико дар ҳимояти ҳамаҷониба аз ҷиноёти режими ишғолгари саҳюнистӣ ва талош барои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии ин режимро ошкор мекунад.

Акнӯн режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба шикасти муфтазаҳонаи низомӣ, амниятӣ ва иттилоотӣ аз муқовимати Фаластин дар амалиёти Тӯфони Ал Ақсо, бо истифода аз бомбҳо ва мӯшакҳои пешрафта, зерсохтҳои маскӯнӣ ва ҳаётии навори Ғаззаро омоҷи ҳамалоти ваҳшиёнаи худ қарор додааст, ки бар асари он токунӯн беш аз 6 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 20 ҳазор нафар низ захмӣ шудаанд. Ин дар ҳоле аст, ки наслкушии саҳюнистҳо дар Ғазза бидуни ҳимояти Амрико ва кишварҳои аврупоӣ ва инфеъоли созмонҳои байналмилалӣ, наметавонист бо ин шиддат идома ёбад. Сафарҳои пай дар пайи мақомоти Амрико, аз ҷумла раисиҷумҳур, вазири умӯри хориҷа ва вазири дифои ин кишвар ба Тел Авив ва ширкати онҳо дар ҷаласоти шӯрои ҷанги режими саҳюнистӣ, ки дар 75 соли гузашта бесобиқа аст, ба хубӣ нишондиҳандаи нақши барҷаста ва мушорикати Амрико дар ҷанги Ғазза аст.

Рӯзномаи ибризабони «Yedioth Ahronoth» бо интишори гузорише дар ин бораи навиштааст: "Вашингтон барасоси манофеаш дар минтақа ба ҷои Тел Авив ва фармондеҳии ҷанги кунӯнӣ дар Ғаззаро бар ӯҳда дорад."

Амрико бетардид бузургтарин ҳомии сиёсӣ ва таслеҳотии режими саҳюнистӣ аз ибтидои таъсиси ин режим маҳсӯб мешаваду муҳимоти сохти ин кишвар низ муҳимтарин нақшро дар таъмини таслеҳотии ин режим дорад. Дар рӯзҳои ахир низ Амрико ду нови ҳавопаймобар дар Баҳримиёназамин мустақар карда ва ҳамаи имконот, аз ҷумла таҷҳизоти моҳвораӣ, ҷосӯсӣ ва шунуди онҳо дар хизмати утоқи ҷанги режими саҳюнистӣ қарор гирифтааст.

Дар ин ҳол, кишварҳои аврупоӣ ва Амрико аз нуфӯзи худ дар маҷомеъи байналмилалӣ ҳам барои ҷилавгирӣ аз таваққуфи ҳамалоти низомии режими саҳюнистӣ ба мардуми ғайри низомии Навори Ғазза истифода мекунанд. Дар ҳамин росто, Амрико ба ҳамроҳи Англия ва Фаронса бо қатъномаи пешниҳодии Русия барои илзоми режими саҳюнистӣ ба таваққуфи ҳамалот ба Ғазза мухолифат карданду монеъ аз он шуданд, ки Шӯрои амнияти Созмони милал, ин режимро маҷбур ба таваққуфи ҷиноёти худ дар Ғазза кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки бо таваҷҷуҳ ба ҳаҷми қурбониёни ғайринизомии ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза, ин амр масъулияти байналмилалии давлати Амрикоро ба ҳамроҳ дорад. Дар тарҳи ниҳоии Камиссиюни ҳуқуқи байналмилалии мусавваби соли 2001 баҳси масъулияти давлати солис ба далели кумаку мусоидат ё ба наҳве нақш доштан дар иртикоби феъли мутахаллифонаи байналмилалӣ аз сӯи давлат ё ниҳодҳои ғайридавлатӣ, дар маводи 8 , 16 , 17 ва 18 ишора шудааст. Бадеҳист, пас аз шикасти сангини режими саҳюнистӣ аз неруҳои муқовимати фаластинӣ, ки тазалзулу заъфи боздорандагии ин режимро ҳарчӣ бештар ошкор кард, кишварҳои аврупоӣ ва Амрико ба такопу афтода ва саъй мекунанд бо ташдиди ҳимоятҳои низомӣ, сиёсӣ ва расонаӣ, бақои ин режими ғосибро тазмин кунанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар ин бора фармуданд: "Ашрори олам мебинанд, ки режими саҳюнистӣ бар асари зарбаи бисёр муҳкаму таъйинкунандаи размандагони фаластинӣ дар ҳоли «талошӣ ва нобудӣ» аст, ба ҳамин иллат бо ин сафарҳо ва ибрози ҳамбастагӣ ва дар ихтиёр гузоштани асбоби ҷиноят монанди бомбу дигар таслеҳот, саъй мекунанд, режими захмхӯрда ва аз по афтодаро ба зӯр сари по нигаҳдоранд."

 

Барчасп