Амирабдуллоҳиён: Дар натиҷаи идомаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ доманаи даргириҳо дар минтақа афзоиш ёфтааст
(last modified 2023-10-31T12:18:11+00:00 )
Октябр 31, 2023 17:18 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён мавзеи мунсаҷими кашварҳои исломӣ дар ҳимоят аз миллати Фаластинро хостор шуд
    Амирабдуллоҳиён мавзеи мунсаҷими кашварҳои исломӣ дар ҳимоят аз миллати Фаластинро хостор шуд

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, дар натиҷаи идомаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ зидди мардуми бедифои Фаластин ва муҳосираи комили борикаи Ғазза, ба тадриҷ доманаи даргириҳо дар минтақа афзоиш ёфтааст.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар дидор бо Шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ, амири Қатар бо ишора ба гуфтугӯи телефонии ахири раисии Ҷумҳурии исломии Эрон бо амири Қатар ва табодули назари анҷомшуда дар хусуси таҳаввулоти Фаластин, аз иҳтимому нақши ҳимоятии Қатар аз миллати мазлуми Фаластин ташаккур ва қадрдонӣ кард.

Амирабдуллоҳиён бо таъкид бар қудрати муқовимат дар истодагӣ ва муборизаи муқтадирона зидди артиши режими саҳюнистӣ ва нотавонии режим дар рӯёрӯӣ бо неруҳои муқовимати Фаластин, вазъияти инсонӣ дар борикаи Ғаззаро ба далели ҳамалоти ваҳшиёнаи саҳюнистҳо зидди шаҳрвандони мазлуми Ғазза асафнок донисту нисбат ба паёмадҳои ғайриқобили пешбинии ҷиноёти ҷангии саҳюнистҳо, ки бо ҳимояти давлати Амрико ва бархе давлатҳои аврупоӣ анҷом мешавад, ҳушдор дод.

Амирабдуллоҳиён гуфт, лозим аст мавзеи муштараку мунсаҷими кашварҳои исломӣ дар ҳимоят аз миллати Фаластин дар ҳавзаи амалӣ ва иҷроӣ низ ба таври муассир ба феълият расида ва кишварҳои исломӣ аз тамоми тавони худ барои поён додани ҷинояти ҷангӣ ва наслкушии режими саҳюнистӣ зидди миллати мазлуми Фаластин ва рафъи муҳосираи инсонии борикаи Ғазза истифода кунанд.

 

Шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ, амири Қатар низ бо иблоғи саломи худ ба раҳбарӣ ва раиси ҷумҳурии Эрон, ба гуфтугӯҳои хубу муҳими ахири худ бо раиси ҷумҳурии Эрон дар бораи таҳаввулоти Фаластин ишора карду гуфт: Ин машваратҳо дар чорчӯби манофеи ду кишвар ва масолеҳи кишварҳову миллатҳои минтақа, аз ҷумла дар ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин идома хоҳад ёфт.

Амири Қатар ҷиноёти ҷории режими саҳюнистӣ зидди шаҳрвандони фаластинӣ дар Ғаззаро аз манзари ҳамаи миллатҳои ҷаҳон ғайриқобили қабул ва ғайриқобили таҳаммул донисту тазоҳуроти зиддиисроилии густардаи мардумӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла дар Амрикоро нишонаи инзиҷори ҷаҳонӣ аз ин ҷиноёт донист.

 

Барчасп