13 обон ; намоди муқовимату пирӯзии миллати Эрон муқобили истикбори ҷаҳонӣ
Имрӯз ( шанбе ) сездаҳуми обон ( чаҳоруми ноябри 2023 ) рӯзи миллии " Мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ " дар Ҷумҳурии исломии Эрон аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, чиҳилу чаҳор соли пеш дар чунин рӯзе ( сездаҳуми обони 1358 ҳиҷрии шамсӣ - чаҳоруми ноябри 1979 ) донишҷӯёни Эрон дар эътироз ба тавтеъаҳои гуногуни Амрико зидди Инқилоби исломии Эрон лонаи ҷосӯсӣ ( сафорат )и Амрикоро дар Теҳрон тасхир карданд.
Мардуми Эрони исломӣ ҳарсола бо гиромидошти ин рӯз дар роҳпаймоии саросарӣ ва пуршӯр, ваҳдати миллӣ ва инсиҷоми исломии худро намоиш ва паёми Инқилоби исломӣ яъне " истиқлол, озодӣ, Ҷумҳурии исломӣ " ва истикборситезиро фарёд мезананд.
13 обон,ёдовари се рӯйдоди муҳим дар се марҳилаи ҳассос аз таърихи Инқилоби исломии Эрон аст.
Ин се рӯйдоди муҳим " солрӯзи табъиди ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ба Туркия ( 13 обони соли 1343 ҳиҷрии шамсӣ - чаҳоруми ноябри 1964 ) " ," куштори донишомӯзон тавассути режими паҳлавӣ ( 13 обони 1357 - чаҳоруми ноябри 1978 - Рӯзи донишомӯз ) " ва " ҳаракати инқилобии тасхири лонаи ҷосӯсии Амрико дар Теҳрон тавассути донишҷӯёни пайрави хатти Имом Хумайнӣ ( раҳ )-бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон, ҳар як нуқтаи сарнавиштсозе дар раванди истикборситезии миллати Эрон аст.