Ноябр 05, 2023 10:29 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи давлати Эрон : Амрико ва ҳампаймононаш аз истиқлол ва озодии миллатҳо воҳима доранд

Сухангӯи давлати Эрон гуфт: Амрико,режим саҳюнистӣ ва соир ҳампаймононаш аз истиқлол ва озодии миллатҳо воҳима доранд.

 Ба гузориши Садои Хуросон,Алӣ Баҳодурии Ҷаҳруми-сухангӯи давлати Эрон рӯзи шанбе дар маросими роҳпаймоии явмуллоҳи 13 обон дар Қазвин, ғарби Теҳрон афзуд: Имрӯз ҷавонони фаластинӣ дар борикаи Ғазза нишон доданд, ки иддаоҳои режими саҳюнистӣ, ки ба унвони як подгон даҳҳо сол аз сӯи Ғарб таҷҳиз шуда буд, то дар баробари пайкараи ҷаҳони Ислом биистад,имрӯз ҳарифаш иддае ҷавонони инқилобӣ ҳастанд, ки солҳост дар муҳосираи комил ба сар мебаранд ва ба ҳеҷ масире ҳам дастрасӣ надоштаанд.

 Баҳодурии Ҷаҳрумӣ таъкид кард: Амрико ва кишварҳои аврупоӣ солиёни сол барои амнияти мутазалзили режими ғосиби Исроил сармоягузорӣ карданд, то ба навъе амнияти ғарби Осиёро дар даст бигирад, аммо вақте иддае ҷавони фаластинӣ барои мубориза омода мешаванд, ҳатто қудрати дифоъ аз амнияти худро ҳам надорад.

 Неруҳои муқовимати Фаластин ҳафтуми октябр 2023 амалиёти ғофилгиркунандаи "Туфони ал-Ақсо"-ро аз борикаи Ғазза зидди мавозеъи режими ишғолгари Қудс оғоз карданд ва ин режим барои талофӣ ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои борикаи Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони бевақфаи манотиқи маскунӣ ва дармонии ин минтақа аст.

 

Барчасп