Боздошти се маъмури Моссад дар шарқи Эрон
(last modified Sun, 05 Nov 2023 12:12:23 GMT )
Ноябр 05, 2023 17:12 Asia/Dushanbe
  • Се маъмури Моссад, ки дар манотиқи кӯҳистонии Эрону Афғонистон дастгир шуданд
    Се маъмури Моссад, ки дар манотиқи кӯҳистонии Эрону Афғонистон дастгир шуданд

Се маъмури Моссад дар амалиёти муштараки Вазорати иттилооти Ҷумҳурии исломии Эрон ва Толибон дар шарқи кишвар дастгир шуданд.

Ин се маъмури Моссад, ки дар манотиқи кӯҳистонии Эрону Афғонистон дастгир шуданд, қасд доштанд паҳподҳои интиҳорӣ аз сӯи марзи Афғонистон ба самти аҳдофе дар Эрон партоб кунанд.

Се фарди дастгиршуда ба зудӣ ҷиҳати бозҷӯӣ ба Эрон мунтақил хоҳанд шуд.

Баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ фаъолиятҳои мухталифе барои барандозӣ ва муқобила бо Ҷумҳурии исломии Эрон аз сӯи Амрико, режими саҳюнистӣ ва муттаҳидони минтақаии онон сурат гирифтааст.

Дар солҳои ахир низ бо шикасти фишори ҳаддиаксарии таҳримҳои Амрико, фишори ҳаддиаксарии амниятӣ зидди Эрон шакл гирифт. Дар ин таҳаррукот байни Исроил, Амрико ва Англия ҳамкориҳои густардае ҷараён дорад.