Ноябр 07, 2023 21:39 Asia/Dushanbe
  • Суҳбати сафири Эрон дар Душанбе дар бораи муносиботи Эрону Тоҷикистон
    Суҳбати сафири Эрон дар Душанбе дар бораи муносиботи Эрону Тоҷикистон

Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар ташреҳи сафари раиси ҷумҳурии Эрон ба Душанбе, имзои асноди ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф, баргузории ҳамоиши муштараки тиҷориву иқтисодӣ ва судури баёнияи муштараки руасои ҷумҳурии ду кишварро аз барномаҳои асосии оятуллоҳ Раисӣ дар ин сафар баршумурд.

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикстон бо ишора ба аҳамияти сафари пеширӯи оятуллоҳ Раисӣ ба Тоҷикистон, бо баёни ин ки ин кишвар ба унвони кишваре дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг, бо вуҷуди иштирокоти фаровони таърихӣ – тамаддунӣ ва динӣ ҷойгоҳи муҳиме дар сиёсати хориҷии Эрон дорад, гуфт: Бо оғоз ба кори давлати сездаҳум равобиту муносиботи Эрону Тоҷикистон дар чорчӯби сиёсати ҳамсоягӣ дар масири ҳамкорӣ қарор гирифт. Дар гоми нахуст оятуллоҳ Раисӣ аввалин сафари расмии хориҷии худро бо кишвари Тоҷикистон оғоз кард, сафаре ки дар ростои барномаҳои дуҷонибаву ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Шанхай анҷом гирифт.

Вай бо ишора ба мавриди пазириш қарор гирифтани узвияти Эрон дар Созмони Шанхай дар нахустин сафари оятуллоҳ Раисӣ ба Тоҷикистон ёдовар шуд, дар он сафар илова бар дидору гуфтугӯ ва тавофуқоти дуҷониба дар нишасти сарони кишварҳои узви Шанхай дархости узвияти Эрон барои пайвастан ба ин созмон пас аз 16 сол мавриди пазириши кишварҳои узви ин созмон қарор гирифт. Баъд аз сафари оятуллоҳ Раисӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Теҳрон сафар кард ва асноди муҳиме дар ҳавзаҳои мухталифи ҳамкорӣ ба имзои мақомоти ду кишвар расид.

Афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷориву иқтисодии Эрону Тоҷикистон ба беш аз 280 миллион доллар

Ҳақиқиён бо баёни ин ки тайи ду соли гузашта равобиту ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳамаи ҳавзаҳо, ба вижа дар ҳавзаи иқтисодиву тиҷорӣ тавсеа ёфтааст, гуфт, ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ байни ду кишвар аз 120 миллион доллар дар соли 1400 ба беш аз 280 миллион доллар дар соли 1401 афзоиш ёфт ва дар 6 моҳаи аввали соли ҷорӣ то кунун ҳудуди 150 миллион доллар ҳаҷми равобити тиҷориву иқтисодӣ байни ду кишвар будааст.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон аз имзои чандин санади ҳамкорӣ байни ду кишвар хабар доду баён кард, қарор аст теъдоде санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷорӣ, санъатӣ, ҳамлу нақл ва транзит, роҳи оҳан, энержӣ, эҷоди минтақаи озоди муштарак, гумрук, ҳавзаҳои фарҳангӣ, илмӣ,  фанновариҳои навин, варзишӣ, мудирияти буҳрон ва мубориза бо маводи мухаддир ба имзои тарафайн бирасад.

 

Барчасп