Номаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сарони 50 кишвар: Исроилро водор ба таваққуфи ҷиноёт дар Ғазза кунед
(last modified 2023-11-20T12:22:55+00:00 )
Ноябр 20, 2023 17:22 Asia/Dushanbe
  • Номаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сарони 50 кишвар: Исроилро водор ба таваққуфи ҷиноёт дар Ғазза кунед
    Номаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сарони 50 кишвар: Исроилро водор ба таваққуфи ҷиноёт дар Ғазза кунед

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар номае ба сарони 50 кишвари ҷаҳон ҳам садоӣ ва ҳамоҳангии кишварҳои озода ва мустақил дар фишор овардан ба режим Исроилро аз роҳҳои мухталифи иқтисодӣ ва сиёсӣ барои таваққуфи ҷиноёт дар борикаи Ғазза хостор шуд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин нома бо интиқод аз руйкарди бархе давлатҳои ғарбӣ дар эъмоли стандартҳои дугона ва нодида гирифтани омидонаи усули инсоният ва ахлоқу ҳуқуқ аз кишварҳои мустақили хост ки бо ба коргирии ҳамаи абзорҳои мавҷуд барои фишор аз ҷумлаи таваққуфи ҳамкориҳо ва иртибототи тиҷорӣ ва сиёсӣ бо режими саҳюнистӣ нақши барҷастатари дар таваққуфи ин ҷиноёт ифо кунанд.

Идомаи бомбаборони борикаи Ғазза ва куштори занон ва кудакони фаластинӣ аз суи режими саҳюнистӣ дар ҳоле идома дорад ки кишварҳои ғарбии ҳомии ин режим то кунун ҳаргунаи қатъномаи оташи бас дар шурои амниятро вето карда ва ё ба ҷои талош барои таваққуфи куштор ва бомбаборони фаластиниён ба дунболи тасвиби қатъномаҳои дар ҳимояти бештар аз Телавив ҳастанд.

Дар натиҷаи ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза аз 7 октябр то кунун 12 ҳазору 300 фаластини шаҳид ва беш аз 30 ҳазор нафари ҳам маҷруҳ шудаанд ки бинобар бар эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин бештари маҷруҳони кудак ва зан ҳастанд.

Барчасп