Амирабдуллоҳиён : Ба ҳимоятҳои сиёсӣ аз муқовимат идома медиҳем
(last modified Tue, 21 Nov 2023 05:38:34 GMT )
Ноябр 21, 2023 10:38 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён : Ба ҳимоятҳои сиёсӣ аз муқовимат идома медиҳем

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки дар ҷараёни амалиёти Ҳамос набудем ва ин як тасмими комилан фаластинӣ буд, таъкид кард: Ба ҳимоятҳои сиёсии худ аз муқовимат баробари ишғолгарӣ идома медиҳем.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон дар Женеваи Швейтсария ва дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Си Би Эс ниос  дар хусуси таҳаввулоти Ғазза гуфт : Аз тамоми пойгоҳҳои Амрико дар минтақа таслиҳоти ҷангӣ ва аз ҷумла силоҳҳои мамнуъа дар ихтиёри режими Исроил қарор мегирад, яъне Амрико ба таври ошкоро дар ҷанг алайҳи Ғазза ва наслкушӣ дар Ғазза нақш дорад.

 Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд : Ҳавсиҳо бахши муҳим аз ҷомеа ва низоми сиёсии кунунии Яман ҳастанд ва дар чорчуби масолеҳи худ тасмимгирӣ ва иқдом мекунанд, албатта онҳо ошкоро эълом карданд, ки нисбат ба наслкушӣ дар Ғазза бетафовут нахоҳанд буд.

 Вай ҳамчунин гуфт : Гурӯҳҳое, ки дар Ироқ ва Сурия алайҳи манофеъи Амрико иқдом кардаанд, худ тасмим гирифтаанд ва бар асоси ҷамъбандӣ ва тасмимоти худ иқдом кардаанд.

 Ба гуфтаи  Амирабдуллоҳиён албатта Кохи сафед ба Эрон паём медиҳад ва мегӯяд, ки ба думболи густариши доманаи ҷанг нест ва барои ирсоли кумакҳои инсондӯстона ва таваққуфи инсондӯстонаи ҷанг талош мекунад, аммо то ин лаҳза ҳеҷ гоҳ Амрико иродаи худро барои таваққуфи ҷанг нишон надода, балки шиддати ҷангро афзоиш додааст. Амрико бояд масъулияти ин амрро бипазирад.

 Вазири умури хориҷаи Эрон дар идома афзуд : Сарзаминҳои ишғолшуда қонунҳои хоси худро дар мантиқи ҳуқуқи байналмилал доранд ва мардумони кишвари ишғолшуда тибқи ҳуқуқи байналмилал метавонанд барои дифоъ аз худ ҳатто вориди ҷанги мусаллаҳона шаванд, бино бар ин мо иқдоми Ҳамос ба унвони як гурӯҳи озодибахши фаластинӣ дар муқобили ишғолгариро комилан дар чорчуби ҳуқуқи байналмилал медонем.

 Амирабдуллоҳиён дар идома гуфт : Исроил як қудрати ишғолгар аст, ҳуқуқи байналмиллал, ки иттифоқан дар худи Амрико ва Ғарб ҳам навишта шудааст, ин ҳақро барои шаҳрвандони кишвари ишғолшуда қоил аст, ки силоҳ ҳамл кунанд ва аз худ дифоъ кунанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард : Агар ҷанг ва наслкушӣ дар Ғазза идома пайдо кунад, густариши доманаи ҷанг ҳатмӣ аст.