Ноябр 28, 2023 17:43 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Неруии дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон зарфияти бузурги низом ва кишвар аст
    Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Неруии дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон зарфияти бузурги низом ва кишвар аст

Фармондиҳи муаззами кули қуввои Эрон дар дидори фармондиҳи кул ва ҷамъӣ аз фармондиҳони неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бар лузуми кашфи зарфиятҳои ҷадид ба манзури афзоиши иқтидори низом ва кишвар ва ҳамчунин эҷоди нишоту умед дар ҷомеъа таъкид карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ фармондиҳи кули қувво зуҳри имруз дар дидори фармондиҳи кули артиш ва ҷамъӣ аз фармондиҳони неруии дарёии артиши Ҷумҳурии исломӣ бо ишора ба зарфиятҳои фаровон дар неруи дарёии артиш ба хусус зарфияти ин неру барои кумак ба иҷрои сиёсатҳои иқтисоди дарёи меҳвар, бар лузуми кашфи зарфиятҳои ҷадид ба манзури афзоиши иқтидори низом ва кишвар ва ҳамчунин эҷоди нишоту умед дар ҷомеъа таъкид карданд.

Раҳбари инқилоби исломӣ дар ин дидор ки ба муносибати 7 озар рузи неруи дарёии артиш баргузор шуд 7 озарро як рузи таърихи ва фаромушинашудани хонданд ва афзуданд: Ин руз бояд ба унвони рузи фидокории неруи дарёии артиш муаррифи шавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ пешрафтҳои неруии дарёии артиш аз ибтидои инқилоб токунунро чашмгир ва ғайриқобили бовари хонданд ва гуфтанд: Дар солҳои аввали инқилоб ҳузури неруи дарёии артиш фаротар аз обҳои сарзамини ғайриқобили тасаввур буд аммо акнун неруи дарёии артиш бо қудрат ва салобат сафари 360 дараҷаи ба даври дунё анҷом медиҳад ва бо сарбаланди ба кишвар боз мегардад.

Ишон афзуданд: Як рузи тасаввур намешуд ки неруии дарёии артиш имкони ҳузур дар дарёӣ хазар дошта бошад аммо акнун дар савоҳили дарёии Хазар новшикан сохта ва дар онҷо ба об андохта мешавад.

Раҳбари инқилоби исломӣ бо таъкид бар иртиқоӣ беш аз пеши тавон ва омодагиҳои размии неруи дарёии артиш бо истифода аз зарфиятҳои ин неру хотирнишон карданд: Яке аз зарфиятҳои неруи дарёии артиш ки метавонад муҷиби эҷоди умед ва нишот дар миёни ҷавонон шавад, заминасозӣ барои имкони боздиди урдуҳои роҳёни пешрафт аз корхонаҳо ва тавонмандиҳои ин неру аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: Бояд талош шавад то неруи дарёии артиш як неруи роҳбурди ба сурат ҷомеъ бошад.

 

Барчасп