Ноябр 29, 2023 13:51 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил ; Таъкиди Раҳбари муаззами  инқилоб бар иртиқои тавон ва омодагиҳои размии неруӣ дарёии артиш
    Таҳлил ; Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар иртиқои тавон ва омодагиҳои размии неруӣ дарёии артиш

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори фармондеҳи кули артишу ва ҷамъӣ аз фармондеҳони неруӣ дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба зарфиятҳои фаровон ба хусӯс зарфияти ин нерӯ барои кумак ба иҷроии сиёсатҳои иқтисоди дарёи меҳвар. бар лузӯми кашфи зарфиятҳои ҷаддид ба манзури афзоиши иқтидори низомӣ ва кишвар ва ҳамчунин эҷоди нишот ва умед дар ҷомеъа таъкид карданд.

"Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ " фармондеҳи муаззами кули қуво дар ин дидор, ки имрӯз  (сешанбе ) ба муносибати 7 озари Рӯзи неруи дарёӣ баргузор шуд,  пешрафтҳои неруи дарёии артиш аз ибтидои инқилоб то кунӯн чашмгир ва  ғайри қобилии бовар хонданд ва гуфтанд : Дар солҳои аввали инқилоб ҳузури неруӣ дарёии артиш фаротар аз обҳои сарзаминӣ ғайри қобили тасаввур буд аммо акнӯн неруӣ дарёии артиш бо қудрат ва  салобати сафари 360 дараҷа ба даври дунё анҷом медиҳад ва бо сарбаландӣ ба кишвар боз мегардад. Ба муносибати муваффақияти диловармардони неруӣ дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вижа дар амалиёти Марворид дар муқобили ҳамлаи дарёӣ ва  ҳавоии артиши Баъси Ироқ дар ҳафтуми озари 1359 шамсӣ, ин рӯз ба номи Рӯзи неруӣ дарёии номгузорӣ шудааст.

Рӯзи гузашта ( душанбе ) ва дар остонаи дидори имрӯзи фармондеҳони неруӣ дарёии артиш бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, маросими илҳоқи новшикани бумӣ « Дилмон» бо ҳузури мақомоти лашкарӣ ва  кишварӣ ба новгони шимол ва  минтақаи чаҳоруми неруӣ дарёии артиш дар бандари Анзалӣ баргузор шуд ва  ҷилваи дигар аз тавонм саноеъи дифоъии Ҷумҳурии Исломии Эронро исбот кард. Ин новшикани тамом Эронӣ муҷаҳҳаз ба анвоъи таҷҳизот ва  сомонаҳои дифоъӣ ва  размии сохта шуда дар дохил кишвар аст илова бар қобилияти дарёнавардии тӯлонӣ, тавоноии ҷустуҷӯ, кашф, шиносоӣ, расад,  муқобила ва дар сӯрати ниёзи инҳидоми ҳаргунаи таҳдиди ҳавоӣ , сатҳӣ ва зери сатҳиро доро аст.

Бетардид, иқтидори дарёӣ ва  бархӯрдорӣ аз як неруӣ дарёии қудратманд ва  коромад на танҳо метавонад таъсири босазое дар сиёнат аз манофеи миллӣ ва  дастёбӣ ба аҳдоф дифоӣ дошта бошад, балки дар дастёбӣ ба як сиёсати дифоъии муваффақ низ муассир ва коромад аст.  Ҷумҳурии исломии Эрон ба воситаи қарор гирфитан дар шимоли Уқёнуси Ҳинд, муҷовират бо Халиҷи Форс,  Тангаи Ҳурмуз, дарёи Омун дарёи Хазар аз муқеъияти жиополетикӣ ва  дарёии вижа дар минтақа ва  ҷаҳон бархӯрдор аст ки аҳамият ва  нақши неруӣ дарёии онро ду чандон кардааст.

Бар ҳамин асос, неруӣ дарёии роҳбурдии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар солҳои пас аз инқилоб ва  ҷанги таҳмилӣ ва бо вуҷӯди шароити таҳрим, бо сарлавҳа қарор додани манвиёти фармондеҳи муаззами кули қувои мабнӣ бар такя бар тавон дохилӣ, ҳамвора тавонмандиҳои худро афзоиш дода ва  давраҳои муҳимро дар бахшҳои марбӯт ба бозсозӣ, иртиқо ва  афзоиши новгон дар ҳавзаҳои мухталиф таҷриба кардааст. Неруӣ дарёии роҳбурдии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин ҳузур дар обҳои байналмилалиро афзоиш додааст; Новгурӯҳи 86 неруӣ дарёии артиши Эрон шомили новшикани  Дано ва Новбандари  Макрон чанде пеш барои нахустин бор даври дунёро дар 213 рӯзи дарёнавардӣ тай кард ва  иловабар намоиши тавон фаннӣ ва  бӯмӣ. қудрати боздорандагӣу ва таҳоҷумии неруӣ дарёии Эронро ба намоиш гузошт.

Бадеҳи аст,  неруӣ дарёии роҳбурдии артиш ба ҳамроҳи неруӣ дарёии сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, акнӯн ба унвони қудрати бартар ва  боздоранда дар минтақа маҳсӯб мешаванд.  ки таъсири босазоӣ дар сиёнат аз манофеи миллӣ ва  дастёбӣ ба аҳдофи дифоъии Ҷумҳурии Исломии Эрон дорад. Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вижа неруӣ дарёии артиш бо таъаҳҳуд. дониш,  халлоқият ва  навоварӣ дар канори рӯҳияи исору фидокорӣ, қуллаҳои ифтихор ва  иззатмандиро яке пас аз дигари пушти сар гузошта ва бо сохти таҷҳизоти мудерн, афзоиши новгон ва  ҳузӯри муқтадирона дар обҳои озоди байналмиллалӣ, иқтидори низоми Ҷумҳурии Исломиро ба рӯхи ҷаҳонён кашидаанд.

Амир дарёдор Шаҳроми Эронӣ фармондеҳи неруӣ дарёии артиш низ дар дидори имрӯз бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ зимни ироаи гузорише аз тавонмандиҳо ва  фаъолиятҳои ин нерӯ, густариши ҳавзаи нуфӯз дар дарё ва  такя бар фанноварӣ ва  донишро ду сиёсати аслии ин нерӯ дар ҷиҳати тақвияти муаллифаҳои қудрати низомӣ баршумурд .

Барчасп