Видоъи талхи "Персполис"-и Эрон бо Лигаи қаҳрамонони Осиё
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i109738
"Персполис"-и Эрон бо қабули шикасти хонагии 2 бар як муқобили "Аддуҳайл"-и Қатар аз Лигаи қаҳрамонони Осиё ҳазф шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 06, 2023 17:30 Asia/Dushanbe
  • Видоъи талхи Персполиси Эрон бо лиги қаҳрамононии Осиё
    Видоъи талхи Персполиси Эрон бо лиги қаҳрамононии Осиё

"Персполис"-и Эрон бо қабули шикасти хонагии 2 бар як муқобили "Аддуҳайл"-и Қатар аз Лигаи қаҳрамонони Осиё ҳазф шуд.

Дидори тимҳои "Персполис"-и Эрон ва Аддуҳайли Қатар аз ҳафтаи поёнии марҳилаи гуруҳии рақобатҳои Лигаи қаҳрамонони Осиё аз соати 19:30 дақиқаи шаби сешанбе бо қазовати довари ҷопонӣ дар варзишгоҳи "Озодӣ" оғоз шуд, ки дар ниҳоят ин дидор бо бартарии 2 бар яки "Аддуҳайл"-и Қатар ба поён расид.

"Персполис" бо ин натиҷа бо 8 имтиёз дар рутбаи дувум қарор гирифт ва бо тавваҷуҳ ба бартарии "Алфайҳо" муқобили "Пахтакор" натавонист ба унвони яке аз тимҳои дувуми бартари гуруҳӣ роҳии марҳилаи ҳазфӣ шавад.

Дар муқобил "Аддуҳайл" низ бо 7 имтиёз дар рутбаи сеюм истод.