Амирабдуллоҳиён: Лубнон ҳамеша аз аркони муҳимми муқовимати зиддисаҳюнистӣ дар минтақа будааст
(last modified Wed, 13 Dec 2023 05:03:15 GMT )
Декабр 13, 2023 10:03 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Лубнон ҳамеша аз аркони муҳимми муқовимати зиддисаҳюнистӣ дар минтақа будааст

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷаи Эрон дар дидор бо Абдуллоҳ Буҳабиби, вазири умӯри хориҷаи Лубнон бар зарурати тадовуми талошҳои ҳаддиаксарӣ барои таваққуфи наслкушии саҳюнистҳо дар Фаластин таъкид кард ва гуфт, Лубнон ҳамеша аз аркони муҳимми муқовимати зиддисаҳюнистӣ дар минтақа будааст.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, ки манзури ширкат дар иҷлоси Маҷмаи ҷаҳонии паноҳандагон ба Женев сафар карда, асри сешанбе дар маҳали иқомати худ бо Абдуллоҳ Буҳабиби, вазири умӯри хориҷаи Лубнон дидору ва гуфтугӯ кард.

Амирабдуллоҳиён шароитро дар минтақа печида хонд ва бо ишора ба авзоъи Фаластин афзуд, лозим аст, Амрико нуқтаи поёнӣ бар ҳимоятҳои номаҳдӯди худ аз режими саҳюнистӣ ва ҷиноёти ҷангии ин режим алайҳи миллати Фаластин бигузорад.

Амирабдуллоҳиён афзуд, бовуҷуди ҷиноёту куштори ваҳшиёнаи ғайринизомиён тавассути режими саҳюнистӣ дар сояи ҳимояти номаҳдуди Амрико, онҳо ҳеҷ дастоварди муҳимме надоштанду муқовимати Фаластин вазъи бисёр хубе дорад.

Вай афзуд, муҳосиботи Амрико муҳосиботи нодурусте аст ва ҳамонтавр, ки онҳо дар ҷанг алайҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон натиҷае нагирифтанд, дар ҷанг алайҳ муқовимат дар Фаластин низ натиҷае нахоҳанд гирифту натиҷаи ҷанги онҳо сирфан куштори бештари шаҳрвандони Фаластин аст.

Вазири хориҷаи Лубнон зимни ироаи арзёбии худ аз шароити дардноки ҷории Фаластин гуфт, Амрико бо ветои қатъномаи оташбас, дасти Исроилро барои ончӣ, ки мехоҳад анҷом диҳад, боз гузоштааст.