Шуҳадо. ҳувияти миллаит Эрон ҳастанд ; ҳувияти миллӣ набояд фаромӯш шавад
(last modified 2023-12-14T07:41:39+00:00 )
Декабр 14, 2023 12:41 Asia/Dushanbe
  • Шуҳадо. ҳувияти миллаит Эрон ҳастанд ; ҳувияти миллӣ набояд фаромӯш шавад
    Шуҳадо. ҳувияти миллаит Эрон ҳастанд ; ҳувияти миллӣ набояд фаромӯш шавад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори аъзои ситоди марказии Конгресси бузургдошти 10 ҳазор шаҳиди устони Озарбойҷони Шарқӣ ки дар таърихи чаҳор шанбеи 15 озари 1402 баргузор шуда буд ، фармӯданд : Шаҳидон ҳувияти миллати Эрон ҳастанд ва миллат набояд ҳувияти худро фаромӯш кунад .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва  Симо матни баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба шарҳи зер аст :Ҳазрати Оятуллоҳ Хоминаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин дидор, Озарбойҷони Шарқиро маҳд аз ҷони гузаштагон ва  шаҳидони хонданд ва таъкид карданд : Набояд гузошт ҷӯшиши хуни шаҳидон фурӯ биншинад. зеро шаҳидон ҳувияти миллати Эрон ҳастанд ва миллат набояд ҳувияти худро фаромӯш кунад .

Ишон бо таъкид бар ин,ки гиромидошти ёди шаҳидон ба маънои хотира пардозӣ  нест фақат, гуфтанд : Баргузарии маросими бузургдошти шаҳидон ва  такрори он бо фавосили кӯтоҳ, кори лозим ва зарурӣ аст, аммо ин ҷаласот бояд заминасозии интиқоли рӯҳиёт ва  сифоти барҷастаи шуҳадои ҳам чун имон, тақво, шаҳодатиалабӣ, фадокорӣ ва  шуҷоат ба насл ҷавон шавад.

Раҳбари инқилоби исломии шуҳадоро беҳтарини улгӯ барои ҷавонон хонданд ва бо таъкид бар инки чунин падидаҳои дурахшон ва кам назир бояд дар ҳофизаи торихии миллати Эрон сабт шаванд, хотирнишон карданд : Бояд дар осори ҳунарӣ  ҳам чун филм, шеъру китоб рӯҳия ва  гавҳари дурахшони шуҳадо ба насли ҷавон мунтақил шавад. 

Ҳазрати Оятуллоҳи Хоминаӣ бо таъкид бар лузӯми фаромӯш нашудании хониводаҳои шуҳадо ва  сабту забти хотироти онҳо ва ҳам чунин дӯстони шуҳадо, гуфтанд : Дар интиқоли рӯҳиёту сифоти шуҳадо ба насли ҷаддид бояд заминаи ҳаракати онҳо низ мушаххас бошад ва  насли ҷавон бидонад ки иллати ҳаракатҳо ва  қиёмҳо дар даврони наҳзати исломӣ ва қабл аз пирӯзии инқилоб ва ҳам чунин ришодатҳо ва фадокориҳои шуҳадо ва  заминаи он баъд аз пирӯзии инқилоб чӣ будааст. Агар чунин шавад,  он ҳаракату рӯҳияи истимрор пайдо хоҳад кард .

Ишон афзуданд : Албатта мо дар заминаи интиқоли иллат ва  заминаҳои ҳаводиси муҳими таърихи инқилоб ва  рӯҳиёти шуҳадо ва  муаррифии чеҳраҳои барҷаста кам кориҳое доштем ва ба ҳамин далел хеле аз ҷавонҳо аз онҳо беиттилоъ ҳастанд бинобарин лозим аст дастгоҳҳои расмии таблиғии ҳам чун Садо ва  Симо дар ин заминаи талоши бештарӣ анҷом диҳанд ва аз зарфияти расонаҳои ғайри расмӣ ки имрӯз дар ихтиёр мардум аст низ истифода беҳтарӣ шавад .

Раҳбари инқилоби исломӣ  Озарбойҷонро ҳувияти мумтози Эрони хонданд ва бо ишора ба шуҳадои ин хитта аз даврони наҳзати Имоми Хумайнӣ ( раҳ ) то кунӯн , афзӯданд : Авҷи арзишу маниши волои Озарбойҷонро бояд дар дифои муқаддас ва дар шаҳидони барҷастае ҳам чун Маҳди Бокирӣ,  Ҳамид Бокирӣ ، Алӣ Таҷаллоӣ ва Муртазо Ёғчиён дид, зимни онки ду шаҳиди меҳроб аз 5 шаҳиди меҳроби кишвари мутаъаллиқ ба Озарбойҷони Шарқӣ аст .