Маросими азодории шоми шаҳодати ҳазрати Фотима (с.а ) бо ҳузури Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ
Декабр 17, 2023 21:24 Asia/Dushanbe
Ҳамзамон бо шоми шаҳодати ҳазрати Заҳро(с.а) маросими азодорӣ бо ҳузури Раҳбари Инқилоби Исломӣ ва ҷамъе аз мардум дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ.) баргузор шуд.
Имрӯз якшанбе 17 декабри 2023, сеюми ҷамоди –ул сонии 1445 ҳиҷрии қамарӣ, солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а), духтари гиромии Паёмбари Акрам ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳамсари ҳазрати Алӣ (а) аст.