Дидори мардуми устонҳои Кирмон ва Хузистони Эрон бо Раҳбари муаззами инқилоб; имрӯз
Мардуми устонҳои Кирмон ва Хузистони Эрон имрӯз (шанбе) бо ҳузур дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ (ра) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор мекунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , ин дидор дар айёми солгарди шаҳодати ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ баргузор мешавад.
Сардор, сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ-фармондеҳи вақти неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, севуми январи 2020 дар ҳоле, ки ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, дар ҳамлаи ҳавоии неруҳои мутаҷовиз ва террористи Амрико наздики фурудгоҳи Бағдод ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ ал-Муҳандис- ноиби раиси вақти басиҷи мардумии Ироқ (Ҳашдуш-шаъби) ва 8 нафар аз ҳамроҳонаш ба шаҳодат расид.
хабар такмил мешавад...