Декабр 23, 2023 11:24 Asia/Dushanbe
  • Футболисти эронӣ дар ҷамъи бартарин мудофеъони асаргузори ҷаҳон

Ромин Ризоиён бо асаргузорӣ бар рӯйи шонздаҳ гол аз чаҳор мудофеъи бартари соли 2023 ба шумор меравад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷемс Товрнир, ситораи англисии Гласко ренҷерзи Шотландия дар соли 2023 бо 18 гол ва 8 паси гол дар синни 32 солагӣ таъсиргузортарин мудофеъи соли 2023 аст.

Алехандро Гирималдо дар Леверкузени Олмон бо 11 гол ва 14 паси гол дувумин мудофеъи таъсиргузори ҷаҳон дар соли 2023 буд.

 Севумин мудофеъи таъсиргузор ҳам Ҷрими Фримпонг, мудофеъи дигаре аз Леверкузени Олмон буд. Ин мудофеъи нидерландӣ низ 8 гол ва 13 пас голро дар корномаи худ сабт кард.

 Ромин Ризоиён аз тими Сипоҳони Исфаҳони Эрон низ бо 8 гол ва 8 паси гол чаҳорумин мудофеъи таъсиргузор дар амри голзанӣ дар соли 2023 буд.

 Ризоиён дар тими миллии футболи Эрон низ рӯзҳои дурахшонеро сипарӣ мекунад.

 

Барчасп