Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Рӯйкарди тамаддуни ғарбӣ дар мабҳаси зан дар судҷӯиву лаззатҷӯӣ хулоса мешавад (иҷмолӣ)
(last modified 2023-12-27T12:36:14+00:00 )
Декабр 27, 2023 17:36 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Рӯйкарди тамаддуни ғарбӣ дар мабҳаси зан дар судҷӯиву лаззатҷӯӣ хулоса мешавад (иҷмолӣ)

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори ҷамъе аз ақшори мухталифи бонувон, рӯйкарди тамаддуни ғарбӣ дар мабҳаси бисёр муҳиму ҳаётии занро дар ду омили судҷӯиау лаззатҷӯӣ донистанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ҷамъе аз ақшори мухталифи бонувон имрӯз (чаҳоршанбе) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд.

 

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин дидор гуфтанд, масаълаи зан дар Ислом яке аз нукоти қуввати Ислом аст ва Ислом мантиқи муҳкаму қавӣ ва пуштвонаи ақлонӣ дар ҳамаи бахшҳои марбут ба зан дорад.

 

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ин ки бонувон метавонанд дар интихобот нақшофарин бошанд, таъкид карданд, бонувони ҷомеамон саъй кунанд ҳам дар амри хонадорӣ, ҳам дар амри фаъолиятҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва ҳам дар ҳикмату дониш аз Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо улгубардорӣ кунанд.

Раҳбари муаззами инқилоб исломӣ афзуданд: Ба назари ман зани мусулмон улгӯе беҳтар аз Фотимаи Заҳро (саломуллоҳи алайҳо) наметавонад пайдо кунад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин пас аз суханони ҳамсари шайх Закзокӣ гуфтанд, эшон модари 6 шаҳиданд ва ин зан мисли кӯҳ сабр карда ва муддатҳо зиндону сахтиҳои фаровонро таҳаммул кардааст.

Дар дидори имрӯзи ақшори мухталифи бонувони Эрон бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, бонвоне бо либоси ақвоми мухталифи эронӣ ҳузур доштанд.

 

Барчасп