Табрики Соли нави милодӣ ба Масеҳиёни ҷаҳон
Имрӯз ( душанбе ) аввали январи 2024 оғози Соли нав милодӣ аст.
Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон бо табрики Соли нави милодӣ ба ҳамаи Масеҳиёни ҷаҳон ба вижаи Масеҳиёни Эрон ، соли пурбаракат, оромишу сулҳу адолат дар густараи ҷаҳонро орзӯ мекунад. « Сайид Иброҳими Раисӣ » раиси Ҷумҳурии Исломӣ ва дигари мақомоти Эрон дар паёмҳое ба сарони, мақомот ва миллатҳои кишварҳои масеҳии оғози соли ҷаддиди милодиро табрик гуфта ва хушҳолӣ ، саломатӣ ва сулҳро дар соли ҷаддиди милодӣ барои ҳама ба вижа Масеҳиён орзӯ кардаанд .
Дар паёми раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон омадааст : Имрӯза яке аз муҳимтарин буҳронҳое. ки гиребонгири ҷомеъаи башарӣ шуда ، куштори мардум бегуноҳ дар Борикаи Ғазза тавассути режими ишғолгари саҳюнистӣ аст ки дар остонаи соли 2024 милодӣ бояд бо талоши муштараки раҳбарони ҷаҳон ، иқдоми фаврӣ аз сӯйи маҷомеъи байналмилалӣ дар ҷиҳати таваққуфи ин кушторҳои зидди башарият ، решакан шудани зулм ва султаталабӣ ва барқарории сулҳу амнияти пойдор дар саросари ҷаҳон сӯрат гирад.
Ҳазрати Исо ( а ) аз Паёмбарони бузурги илоҳӣ аст, ки дар қуръони Маҷид мавриди такрими бисёр қарор гирифтааст .
Қуръони Карим дар оёти мутаъаддид ба муаррифии Масеҳ ва ҷойгоҳу нақши вай ба унвони яке аз Паёмбарони улулазм ( соҳиби китобу шариъат ) мепардозад .