Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Роҳбурди аслии Эрон такя бар қудрати нарм аст
(last modified Wed, 03 Jan 2024 12:47:21 GMT )
Январ 03, 2024 17:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон
    Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ такяи Ҷумҳурии исломии Эрон ба қудрати нармро роҳбурди аслии Эрон дар 45 соли ахир хонданд ва бо таъкид бар доштани таслеҳоти пешрафтаи мунтабиқ бо ниёзи кишвар ва муассир дар муқобили тавоноии душманон гуфтанд: Қудрати нарм бояд густардатар шавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори ҳазорон нафар аз маддоҳони аҳли байт (а) ва шоирони ойинӣ, бо табрики иди саиди валодати ҳазрати Сиддиқаи Тоҳира – Фотимаи Заҳро (с.а), мелоди имом Хумайнӣ (раҳ) ба унвони парчамдори ҷиҳоди Фотимӣ, ёду хотираи шаҳиди сипаҳбуд Қосими Сулаймониро гиромӣ доштанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а) - ро поягузори ҷиҳоди табйин хонданду таъкид карданд: Маддоҳону ситоишгарони мактаби аҳли байт бо пайравӣ ба ин суннати нуронӣ ва дарси бузурги Фотимӣ, ҷиҳоди табйинро бо ду шохиси «тавоноии барангехтани дилҳову ҳаракатофаринӣ» ва «ҷиҳатгирии дурусту дақиқ» вазифаи аслии худ бидонанд ва дар масоилу қазоёи муҳими рӯз монанди интихобот ба муҷоҳидат ва равшангарӣ бипардозанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ «тавоноии барангехтану эҷоди ҳаракат» ва «ҳадафгирии дурусту дақиқ» - ро ду шохиси муҳим барои санҷиши ҷиҳоди табйин донистанду гуфтанд: Дар ҷиҳоди табйин илова бар қудрати такон додани дилҳову ҳаракатофаринӣ, диққат дар ҳадафгирӣ хеле муҳим аст, зеро ки гоҳе масалан дар шароити ниёзи дунёи Ислом ба иттиҳод, бедиққатӣ боиси эҷоди ихтилоф ва шикоф мешавад.

Эшон бо ишора ба идомаи суннати пуразамати ҷиҳоди табйин дар забони аиммаи атҳор ва хутбаҳои аҳли байт афзуданд: Дар идомаи ин масир, дар даврони мо имом Хумайнӣ (раҳ) парчами ҷиҳоди табйинро барафрошт ва бо забону мантиқу барангехтани миллат, ҳукумати фосиди нангини диктатории салтанатии ирсиро барканор ва ҳукумати мардумиву исломиро барпо кард, ки ин воқеаи таърихӣ аҳамияту зарфияти бемонанди «ҷиҳоди табйин» - ро ошкор мекунад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ қудрати нармро нофизтар ва муассиртар аз қудрати сахт хонданду гуфтанд: Ба ҳамин иллат аст, ки Амрико бо вуҷуди ҳамаи силоҳҳои пешрафта, дар арсаҳое монанди расона, ҳунар, адабиёт ва синамо бештарин сармоягузориро мекунад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ асари қудрати сахтро мақтаӣ ва аз байн рафтанӣ баршумурданд ва бо ишора ба фирори муфтазеҳонаи Амрико аз Афғонистон ва нафрати амиқи мардуми Ироқ аз Кохи Сафед афзуданд: Қудрати сахт натавонист ҳузури Амрикоро дар ин ду кишвар мондагор ва муваффақ кунад, аммо қудрати нарм тавонистааст гуруҳе ба зоҳир дар ақаллият монанди мардуми Фаластинро дар конуни тавваҷуҳи дунё қарор диҳад, ки ин ба хотири мазлумият, сабурӣ ва истодагии мардуми Фаластин аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: Мардуми Ғазза имрӯз на фақат дар баробари режими саҳюнистӣ, балки дар муқобили дунёи куфру тоғуту истикбору Амрико истодаанд ва ин ки раиси ҷумҳурии Амрико сареҳан мегӯяд, ман саҳюнист ҳастам, яъне ҳамон хабосату аҳдофи палиди саҳюнистҳо дар ӯ низ вуҷуд дорад.

Эшон яке аз вазоифи муҷоҳидони табйинро шинохту табйини масоили рӯз, аз ҷумла масъалаи Ғазза ва душманиҳои бадхоҳон донистанду афзуданд: Бояд дар муқобили таблиғоти дурӯғини Амрико ва дунболаравҳои он зидди Ислому низоми исломӣ истодагӣ кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ интихоботи пеширӯро арсаи муҳими дигар барои ҷиҳоди табйин хонданд ва бо таъкид бар зарурати нақшофаринӣ дар муқобили яъспароканону илқокунандагони бефоидагии интихобот гуфтанд: Интихобот як вазифа аст ва ҳар касе бо интихобот мухолифат кунад, бо Ҷумҳурии исломӣ ва Ислом мухолифат кардааст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ миллати Эронро дӯстдори истиқлол, пешрафту иззати миллӣ ва мунзаҷир аз фахрфурӯшии имрикоиҳову дунболаравӣ аз онҳо донистанду гуфтанд: Иллати истодани мардум пойи ҷумҳурии исломӣ алоқамандии онҳо ба ин арзишҳост, ин роҳ-  роҳи Худо аст ва ҳеҷ қудрате қодир ба ақиб рондани мардум аз ҳаракат дар он нест.