Январ 06, 2024 13:07 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии тими миллии футболи Эрон баробари намояндаи Африқо

Тими миллии футболи Эрон дар охирин дидори тадорукотии худ қабл аз сафар ба Қатар бо натиҷаи 2 бар 1 Буркина Фасоро шикаст дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , тими миллии футболи Эрон дар остонаи шурӯъи Ҷоми миллатҳои Осиё ва қабл аз сафар ба Қатар, ҷумъашаб аз соати 18 дар варзишгоҳи олимпии ҷазираи Кеш бо қазовати Юсуф Саидҳасан аз кишвари Ироқ дар дидори тадорукотӣ ба масофи тими миллии Буркина Фасо рафт, ки дар ниҳоят ин дидор бо бартари 2 бар 1 тими миллии футболи Эрон ба поён расид.

 Шогирдони Амири Қалъанавӣ дар 11 мусобиқаи пайдарпаи худ ҳеҷ шикасте надоштанд ва ба думболи ин буданд, ки бо идомаи ин раванд равонаи ҷоми миллатҳои Осиё шаванд.

 Буркина Фасо низ, ки худро барои Ҷоми миллатҳои Африқо омода мекунад дар чаҳор дидори гузаштаи худ ҳеҷ шикасте надошт.

 

Барчасп