Инҳидоми мақари ҷосусии Мосад ва терруристҳо дар Сурия бо 24 фарванди мушак
(last modified Tue, 16 Jan 2024 14:21:44 GMT )
Январ 16, 2024 19:21 Asia/Dushanbe
  • Инҳидоми мақари ҷосусии Мосад ва терруристҳо дар Сурия бо 24 фарванди мушак
    Инҳидоми мақари ҷосусии Мосад ва терруристҳо дар Сурия бо 24 фарванди мушак

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рузи сешанбе дар иттилоъияи шумораи 4 худ аз инҳидоми мақари ҷосусии созмони ҷосусии режими саҳюнистӣ "Мосад" дар иқлими Курдистони Ироқ ва маҳали таҷаммуъи терруристҳо дар Сурия бо 24 фарванди анвоъи мӯшаки болистик хабар дод.

 

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ

Равобити умумии кули Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоъияи шумораи 4 худ ба ҷузъиёти дигари аз амалиёти мушаки зидди мақари ҷосусии Мосад дар иқлими Курдистони Ироқ ва маҳали таҷаммуъи терруристҳо дар манотиқи аз Сурия пардохт.

Бар асоси ин иттилоъия тайи ин амалиёт аҳдофи мавриди назар бо 24 фарванди анвоъи мушаки болистик ба шарҳи зери мавриди исобати дақиқ ва инҳидом қарор гирифт:

1 теъдоди чаҳор фарванд мушаки Хайбаршикан аз Хузистон ба мақари гуруҳаки террористии ДИИШ дар минтақаи Идлиби Сурия.

2 теъдоди чаҳор фарванди мушак аз ғарб ва низ теъдоди 7 фарванд мушаки дигар аз шимоли ғарби Эрон ба мақари ҷосусии Мосад дар иқлими Курдистони Ироқ.

3 теъдоди нуҳ фарванд анвоъи мушак ба маҳалҳои истиқрори дигар гуруҳакҳои террористӣ дар дигари манотиқи сарзаминҳои ишғолии Сурия.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар охири ин иттилоъия ба миллати муқтадир ва сарбаланди Эрони исломӣ бори дигар этминон дод амалиётҳои таҳоҷумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ то интиқоми охирин қатраҳои хуни шаҳидони Эрони азиз идома хоҳад дошт.