Январ 27, 2024 12:50 Asia/Dushanbe
  •  Афзоиши тавлиди солиёнаи фӯлоди хом дар Эрон

Анҷумани ҷаҳонии фӯлод дар тозатарин гузориши худ эълом кард: Саноъати фӯлодсозии Эрон декабри 2023 бо тавлиди 2 миллиону 900 ҳазор тонна фӯлоди хом ба рекорди тавлиди солиёнаи 31 миллиону 100 ҳазор тонна расид.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Анҷуман ҷаҳонии фӯлод дар ин гузориш мизони тавлиди ҷаҳонии фӯлоди хом барои моҳи декабри 2023-ро 135 миллиону 700 ҳазор тонна эълом кард, ки 5.3 дарсад нисбат ба тавлиди декабри соли 2022 коҳиш доштааст.

 Бар асоси ин санад Эрон пас аз Туркия бештарин рушди тавлидро дар байни 10 тавлидкунандаи бартари ҷаҳон доштааст.

 Гузориши Анҷумани ҷаҳонии фӯлод ҳикоят аз рушди 12.1 дарсади тавлиди фӯлоди Эрон дар ин муддат дорад.

 Наздиктарин рақибони Эрон байни 10 фӯлодсози бартари ҷаҳон ба тартиб Бразилия, Туркия ва Олмон ҳастанд.

 

 

 

Барчасп