Таъкиди муовини гардишгарӣ бар муаррифии Эрон ба гардишгарони Ҳинд ва Қирғизистон
Муовини гардишгарии Вазорати мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон бар муаррифии Эрон ба гардишгарони ҳиндӣ ва қрқизистонӣ таъкид кард.
Ба гузориши ИРНА, Алиасғари Шолбофиён муовини гардишгарии Вазорати мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрони рузи шанбе бо баёни ин ки баргузарии намоишгоҳи гардишгарии Теҳрон то ду ҳафтаи дигар фурсатии махсус барои афзоиши таъомулоти ду суя бо бозорҳои ҳадафи гардишгарӣ аст гуфт: Дар талош ҳастем бо боло бурдани сатҳи таъомулот ва мизбонӣ аз чеҳраҳои шинохташудаи бозорҳои ҳадаф аз ҷумлаи кишварҳои Ҳинд ва Қирғизистон, Эрони воқеиро ба мухотабони худ муаррифи кунем.
Шолбофиён дар дидори ҷудогона бо Рудро Говровшераст ва Турдокун Сидиков сафирони Ҳинд ва Қирғизистон ба баргузарии намоишгоҳи гардишгарӣ ва саноати вобаста дар Теҳрон ишора ва тасреҳ кард: Густариши равобит дар бахши гардишгарӣ фурсатӣ барои тавсеаи ҳамкориҳо дар абъоди мухталиф аз ҷумлаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба шумор меояд.
Муовини гардишгарии Вазорати мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон бо баёни ин ки барои густариши равобити гардишгарӣ баҳраиманди аз равишҳои мухталифи бозорёбт истифода аз зарфиятҳои дипломасӣ ва низ ҳузур дар руйдодҳои муштарак дар дастури кор қарор дорад таъкид кард намоишгоҳи Теҳрон фурсати махсус барои афзоиши таъомулоти ду суя бо бозорҳои ҳадафи гардишгарӣ ба шумор меояд ки кишварҳои Ҳинд ва Қирғизистон низ бахше аз он ҳастанд.
Сафирони Ҳинд ва Қирғизистон низ дар ин дидор иқдоми Ҷумҳурии Исломии Эрони мабни бар лағви раводиди яктарафаро сутуданд ва нисбат ба муаррифӣ ва ташреҳи фурсати ҳосил ба ҳамватанони худ эълом омодагӣ карданд.