Январ 31, 2024 16:30 Asia/Dushanbe
  • Намояндагии Эрон: Ҳамла ба Эрон, бо посухи қотеъ мувоҷеҳ хоҳад шуд

Намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид, хабари ирсоли паёмҳои мутааддид аз сӯи Амрико ба Эрон дар 2 рӯзи гузаштаро рад ва эълом кард, ки ҳар ҳамлае ба хоки Эрон, манофе ва ё атбои он дар хориҷ аз марзҳо бо посухи қотеъ мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Ба гузориши ИРНА, намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар посух ба пурсиши бархе расонаҳо дар бораи интишори ихборе мабнӣ бар инки Амрико дар ду рӯзи гузашта аз тариқи воситаҳо паёмҳои мутааддиде ба Эрон ирсол карда ва Теҳрон низ ҳушдор додааст, гуфт: Чунин паёмҳое раду бадал нашудааст. Бо ин вуҷӯд, ин сиёсати усӯлии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки агар ҳар тарафе ба хоки Эрон ё манофе ва атбои он хориҷ аз марзҳои Эрон ҳамла кунад, бо посухи қотеъ ва қавӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Бархе расонаҳои хабарии муддаӣ шудаанд, Вашингтон дар ду рӯзи гузашта аз тариқи воситаҳо паёмҳои мутааддиде ба Теҳрон ирсол карда мабнӣ бар ин ки хоҳони ҷанги густарда нест ва ҳушдор дода, ки густариши ҷанг бо таҳаррукоти Амрико ҳамроҳ хоҳад шуд ва Эрон низ дар посух ҳушдор дода ҳамла дар дохили хоки Эрон хатти қирмиз аст ва бо посухи муносиб ҳамроҳ хоҳад буд.

Дар пайи ҳамлаи паҳподии шабона ба як пойгоҳи кучаки амрикоӣ дар Сурия (наздики марзи Урдун), 28 январи 2024 се сарбози артиши Амрико кушта ва беш аз 40 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Пойгоҳҳои низомии Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Ироқу Сурия аз 17 октябр ва дар пайи даври ҷадиди ҷанги Исроилу Фаластин, ҳадафи ҳамалоти паҳподӣ, ракетӣ ва мушакӣ қарор гирифтаанд. Гуруҳҳои муқовимати исломӣ дар минтақаи Ғарби Осиё , аз ҷумла дар Ироқу Сурия ва низ неруҳои яманӣ ба дунболи иқдоми режими Исроил дар талофии амалиёти Тӯфони Ал Ақсо ва бомбаборони Навори Ғазза ва ҳимояти Вашингтон аз ин ҳамалот, ба Иёлоти муттаҳида ҳушдор додаанд, ки пойгоҳҳои Амрико дар минтақаро мавриди ҳадаф қарор хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол, Амир Саъиди Еревонӣ, сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони милал рӯзи душанбе дар номае ба раиси Шӯрои амният таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон масъулияте дар қиболи иқдомоти ҳеҷ фард ё гурӯҳе дар минтақа надорад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп