Феврал 02, 2024 17:21 Asia/Dushanbe
  • Замоне ки Эрон ҷазоири сегонаро аз Англия авс гирифт, кишваре ба номи ИМА дар ҷуғрофиёи ҷаҳон вуҷуд надошт
    Замоне ки Эрон ҷазоири сегонаро аз Англия авс гирифт, кишваре ба номи ИМА дар ҷуғрофиёи ҷаҳон вуҷуд надошт

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки ҷазоири сегона ҷузъи ҷудоинопазири ҷумҳурии исломӣ ҳастанд, гуфт: Кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс медонанд ҳузури Эрон дар минтақа амниятсоз аст ва вуҷуди амрикоиҳову бегонагон амнияти ин ҳавзаро таҳдид мекунад.

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар солҳои ахир дар шароите борҳо иддаои арзӣ дар бораи ҷазоири сегонаи эрониро матраҳ кард, ки замоне Эрон ҷазоири сегонаи Бумусо, Тунби бузург ва Тунби кучакро аз Англия пас аз 68 сол дар 30 ноябри 1971 пас гирифт, кишваре ба исми Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ҷуғрофиёи ҷаҳон вуҷуд надошт ва ин кишвар пас аз истиқлоли амирнишинҳои 6 гона аз истеъмори Англия дар 2 декабри 1971 таъсис ва дар марҳалаи баъд ҳафтумин амирнишин, яъне раъсулхайма дар 9 феврали 1972 ба он мулҳақ шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар дидор бо мардуми устони Ҳурмузгон дар Бандар Аббос, ҷануби Эрон гуфт: Ҷазоири сегона ҷузъи лоянфаки Ҷумҳурии исломии Эрон аст ва аз он ҷудо нахоҳад шуд ва касоне ки дар дунё сухани дигаре бар забон ҷорӣ карданд ва қалам заданд, бояд ончӣ гуфтанд ва ончӣ навиштандро ҷуброн кунанд.

Раисӣ таъкид кард, соири кишварҳо бидонанд, асноди қатъӣ ва собиқаи пешини ҳокимияти ҷумҳурии исломӣ бар ҷазоири сегона ҳамвора мавриди тайид қарор гирифтааст.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар идома бо ишора ба нақши устони Ҳурмузгон дар иқтисоди кишвар афзуд: Ин устон дар иқтисоди дарё ба далели иртиботи густардае, ки бо 900 километр соҳил дорад, метавонад барои устону кишвар сарват тавлид кунаду сайёдон дар ин замина нақши пурранге доранд.

Раисӣ бо ишора ба пешрафтҳои устони Ҳурмузгон гуфт, аз ибтидои давлати сездаҳум дар ду соли гузашта то имрӯз ҳазор мегаватт барқ дар ин устон тавлид шуда, ки дар зерсохтҳои тавсеаи кумаккунанда аст.

 

Барчасп