Феврал 05, 2024 11:03 Asia/Dushanbe
  • Суннати “ барфӣ кардан “ дар Хуросони бузург
    Суннати “ барфӣ кардан “ дар Хуросони бузург

Бо боридани аввалин барфи сол эрониҳо, тоҷикистониҳо ва афғонистониҳо расме ба номи “ барфӣ кардан “ ба ҷо меоваранд

Бо боридан аввалин барфи сол эрониҳо , тоҷикистониҳо ва  афғонистониҳо расмӣ ба ном “ барфӣ кардан “ ба ҷо меоваранд . Онҳо бо додани хабари барф аз ҳам талаби подош ва меҳмонӣ мекунанд .

Барф меборад мусалсал аз ҳаво

Барфаш аз мо барфиаш аз шумо

Суннату ойини қадимии барфӣ кардан дар Эрон аз дер боз ҳамзамон бо бориши нахустин барф ёдовари бишорат обсолӣ будааст .

Ба гузориши Ирно.  коршиноси бостон шиносӣ ва  мардуми шиносии Созмони мероси фарҳангӣ,  саноеъи дастӣ ва гардишгарии устони Марказӣ муътақид аст : Дар пас аз  анҷоми ин расми қадимӣ , ҷаҳонбинӣ ва  фалсафаи хосе дар байни мардумони замони қадим наҳуфтааст .

'Қосими Фазлӣ" ин суннатро нишонаи баракат баён карду афзӯд : Анҷоми ин ойини қадимӣ бишорат ва  миждагонӣ додан ба мардуме аст, ки иқтисоди онон ба шиддат ба бориши вобаста буд ва аз роҳи кишоварзӣ , домпарварӣ ва  боғдорӣ касби  маош мекарданд .

Вай бо баёни инки , тавваҷуҳ ба дигаргунӣ дар фаслҳо аз дербоз дар тақвиму ҷашнҳои эрониёни бостонӣ мавриди тавваҷуҳ буд изҳор дошт : Вобастагии зиндагии гузаштагони мо ба об он қадр арзишманд буда ки бо бориши нахустин барфи пойизи миқдоре азонро дар зарфи арзишманд қарор дода ва барои ақвом ҳадя мебурданд.

Вай гуфт : Бо бурузи падидаи хушксолӣ дар солҳои ахир ба хусӯс дар Эрон , баҳо додан ба ойину суннатҳои қадимӣ ва  бозгу кардани он барои насли ҷавон, метавонад баёни умқи ҷаҳонбинии гузаштагон бошад, ки умӯру фаъолиятҳои онон аз рӯй дироят будааст .

Ин коршинос муътақид аст ; Анҷоми суннати барфӣ кардан танҳо саргармӣ барои падарону аҷдоди мо набуда , балки решаи торихӣ дар бастари он наҳуфта ва метавон онро навъе эҳтиром ба об қаламдод кард .

Бештар бихонед: