Дархости Федератсияи футболи Эрон аз ФИФА барои таълиқи футболи Исроил
Федератсияи футболи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ирсоли номае ба Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) таълиқи режими саҳюнистиро хостор шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Федератсияи футболи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баёнияе аз ФИФА, иттиҳодияҳои футбол ва иттиҳодияҳои узви он, хост бо таваҷҷуҳ ба иқдомоти зидиинсонии сӯрат гирифта аз сӯи режими саҳюнистӣ дар Фаластину иртикоби ҷиноёти ҷангӣ дар Ғазза ва қатли оми ғайри низомиён, маҷмуаҳои барномарезии футбол дар ҷаҳон дар чорчӯби як иқдоми асаргузор ва ба сӯрати як ҷабҳаи муттаҳид бо ҳадафи таълиқи комили федератсияи футболи режими саҳюнистӣ аз тамоми фаъолиятҳои муртабит бо футбол, иқдоми фаврӣ ва ҷиддӣ сӯрат диҳанд.
Федератсияи футболи Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард, иқдоми ФИФА метавонад аз истимрори ин ҷиноётҳои режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин ҷилавгирӣ кунаду заминаи имдодрасонии ғизоӣ, оби ошомиданӣ, ақломи доруӣ ва пизишкӣ ба мардум ва ғайринизомиёни бегуноҳ фароҳам шавад.
Ҳамчунин Федератсияи футболи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин баёния тасреҳ кард, бешак иқдоми фаврии ФИФА, иттиҳодияҳои футболу иттиҳодияҳои узв, намоди инсондӯстӣ ва амалӣ шудани маншури ҷомеаи футболи ҷаҳонӣ дар заминаи масъулиятҳои иҷтимоӣ ва инсонӣ ва ҳаракате дурахшон ва мондагор дар таърихи футбол хоҳад буд.
Вазорати беҳдошти Ғазза дар ҷадидтарин гузориши худ рӯзи шанбе эълом кард, ки дар шабонарӯзи гузашта 107 шаҳрванди фаластинӣ дар Ғазза ба шаҳодат расиданд, ки бо эҳтисоби онҳо, шумори шуҳадои фаластинӣ аз оғози амалиёти Туфони Ал Ақсо ба 27 ҳазору 947 шаҳид расидааст.