Феврал 13, 2024 10:30 Asia/Dushanbe
  • Шиллики муваффақи мушаки баллистикии дурбурд аз киштии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ

Сарлашкар Ҳусайни Саломӣ-фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ гуфт: Кори муштараки неруи ҳаво-фазо ва неруи дарёи(баҳри)и Сипоҳи посдорон бо шиллики як мушаки баллистикии дурбурд аз рӯйи як нов(кишти)и ҷангӣ бо муваффақият анҷом гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сарлашкар Ҳусайни Саломи рӯз душанбе афзуд: Шиллики муваффақи мушаки баллистикии дурбурд аз киштии ҷангии сипоҳ, бурди нуфуз ва қудрати дарёии моро то ҳар нуқтаи дилхоҳ афзоиш дод.

 Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон бо ишора ба дигар  тавонмандиҳои неруи дарёии сипоҳ таъкид кард: Новҳои уқёнуспаймои мо метавонанд дар ҳар нуқтае аз уқёнусҳо зоҳир шаванд ва табиатан вақте метавонем аз онҳо мушак шиллик кунем, ҳеҷ нуқтаи амне барои қудрате, ки бихоҳад барои мо ноамнӣ эҷод кунад, вуҷуд надорад.

 Сарлашкар Саломӣ ҳамчунин бо ишора ба қудрати нируи дарёии сипоҳ, тасреҳ кард: Қудрати дифоъ ва таҳоҷуми дарёии мо бо вуруди анбӯҳе аз паҳподҳо, мушакҳои Круз ва ҳатто мушакҳои баллистикии нуқтазан бо қобилияти ҳадаф қарор додани шиноварҳои размӣ дар дарё, як маҷмӯаи бисёр печида ва дар ҳам танидае аз тавонмандиҳои ба рӯз ва пешрафта ва модернро нишон медиҳад.

 Вай таъкид кард: Мо муқобили ҳар тавтеа ва иқдом ҳатман аксуламалҳои муносиб ва сангинеро нишон хоҳем дод ва иқтидор, қудрат ва иродаи мо ба андозаи шикаст додани ҳар эътилофе аз қудратҳои бузург комилан муҳайё ва дар саҳна омодааст.

 

Барчасп