Нурафшониву гулороии Ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) дар идҳои Шаъбония
Феврал 14, 2024 17:14 Asia/Dushanbe
Ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) дар Машҳад, маркази устони Хуросони Разавӣ, шимоли шарқи Эрон, ба муносибати идҳои Шаъбония озинбандиву гулороӣ шудааст.
Илова бар озинбандиву нурафшонӣ, парчами сабзранг ҳам бар фарози гунбади зебои Ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) дар Машҳад ба эҳтизоз даромадааст.
Муҷовирону зоирони эрониву хориҷӣ дар айёми идҳои Шаъбония ҳузури густарда дар Ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) доранд ва илова бар зиёрат, ба дуо ва ниёиш мепардозанд.
Имрӯз – чаҳоршанбе, валодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а) аст ва фазои шодиву маънавии хосе дар Ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) ҳоким шудааст.
Барчасп