Рушди 40 дарсадии тиҷорати Эрон бо аъзои Шанхай
Сухангӯи Комиссияи тавсеаи тиҷорати хонаи санъати маъдан ва тиҷорати Эрон аз рушди 41 дарсадиву 5. 5 дарсадии вазну арзиши тиҷорати Эрон бо аъзои созмони Шанхай дар 10 моҳаи имсол хабар дод.
Сайид Рӯҳулоҳ Латифӣ, сухангӯи Комиссияи равобити байналмилал ва тавсеаи тиҷорати хонаи санъати маъдан ва тиҷорати Эрон дар хусуси тиҷорати ғайринафтии Эрон бо кишварҳои узву нозири Созмони Ҳамкории Шанхай гуфт, дар 10 моҳи гузашта 64 миллмону 311 ҳазор тон колои ғайринафтӣ ба арзиши 37 миллиарду 138 миллион 473 ҳазор доллар байни Эрон ва 11 узву нозири СҲШ табодул шуд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл аз лиҳози вазнӣ 40. 7 дарсад ва аз лиҳози арзиш 5. 5 дарсад рушд доштааст.
Латифӣ афзуд, содироти ғайринафтии Эрон ба аъзои СҲШ дар ин муддат 54. 5 миллион тон коло ба арзиши 18 миллиард доллар буда, ки нишонгари рушди якдарсадии арзиш нисбат ба муддати мушобеҳ аст ва 48. 2 дарсади вазн ва 44. 4 дарсади арзиши кулли содироти 10 моҳаи Эронро дар ин муддат ба худ ихтисос додааст.
Сайид Рӯҳулоҳ Латифӣ дар идома гуфт, воридоти Эрон аз 11 кишвари узву нозири Созмони Ҳамкории Шанхай дар 10 моҳаи гузашта ҳам 9. 7 миллион тон коло ба арзиши 19 миллиарду 169 миллион доллар буда, ки нисбат ба муддати мушобеҳ рушди 17. 9 дарсадӣ дар вазн ва 10. 5 дарсадӣ дар арзиш дошта, ки ин мизон 29. 7 дарсади вазн ва 35. 2 дарсади кулли арзиши воридоти 10 моҳаи кишварро дар бар мегирад.