Баррасии тавофуқномаи ҷомеи баландмуддати ҷадид миёни Теҳрону Маскав
Дар дидори дабирони Шӯрои амнияти миллии Эрону Русия, тавофуқномаи ҷомеи баландмуддати ҷадид миёни Теҳрону Маскав баррасӣ шуд.
Алиакбари Аҳмадиён ва Николай Потрушев, дабирони Шӯрои амнияти миллии Эрону Русия дар ҳошияи шашумин нишасти дабирону мушовирони амнияти миллии кишварҳои минтақа, дар бораи Афғонистон, ки дар Бишкек - пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад, дидору гуфтугӯ карданд.
Дар ин дидор бахши густардае аз мавзӯоти мавриди алоқаи ду кишвар дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ, аз ҷумла тавваҷуҳи вижа ба мубориза бо терроризм, масоили амнияти иттилоот, мушкилоти таъмини амнияти иқтисодии Русияву Эрон дар шароити эъмоли таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ ва ҳамчунин муқобила бо талошҳо барои мудохила дар умури дохилии кишварҳои мустақил маврид гуфтугӯ ва табодули назар қарор гирифт.
Дар ҷараёни дидори Аҳмадиёну Потрушев тавсеаи як тавофуқномаи ҷомеи баландмуддати ҷадиди дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт ва таъкид шуд, қабули ин санади бунёдӣ, ангезае қудратманд барои густариши бештари ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар ҳамаи заминаҳо эҷод хоҳад кард.
Дар ин дидор ҳамчунин дар бораи равандҳои ҷаҳониву минтақаӣ ва низ тамосҳои дуҷониба ва чандҷонибаи оянда байни шӯроҳои амнияти миллии Русияву Эрон дар соли 2024 табодули назар шуд ва барномаи фаъолияти коргурӯҳҳои шӯроҳои амнияти миллии ду кишвар дар мавриди мавзӯоти мавриди алоқаи тарафайн ҳам мавриди тавофуқ қарор гирифт.
Алиакбари Аҳмадиён, намояндаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба даъвати ҳамтои қирғизистонӣ барои ширкат дар шашумин нишасти дабирону мушовирони амнияти миллии кишварҳои минтақа дар бораи Афғонистон, панҷшанбе дар садри ҳайате озими Бишкек шуд.
Ҷумҳурии исломии Эрон бунёнгузори ин нишаст аст.
Панҷ даври қаблии ин нишаст дар Эрон, Русия, Ҳинд ва Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин нишастҳо, олитарин мақомҳои амнияти миллии кишварҳои минтақа, шомили Ҷумҳурии исломии Эрон, Русия, Чин, Ҳинд, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон ширкат мекунанд.